Сардори давлат ҷонибдори густариши муколамаи давлат ва бахши инфиродӣ
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар ҷараёни вохӯрӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорон иброз дошт, ки тайи 7 соли охир дар кишвар беш аз 1600 корхонаю коргоҳҳои нави саноатии дорои 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди минералҳо ва намудҳои дигари ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, коркарди меваю сабзавот бунёд гардида, соҳибкорони кишвар як худи соли гузашта 332 корхонаҳои нави истеҳсолиро бунёд карда ва мавриди истифода қарор доданд.
Президенти кишвар мақоми судманди бахши инфиродиро дар таъмини рушди босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар амри муҳим дониста, мушорикат ва ҷонибдории худро ҷиҳати густариши муколамаи давлат ва бахши инфиродӣ иброз дошт.
Эмомалӣ Раҳмон афзоиши теъдоди ниҳодҳои соҳибкорӣ дар амри рушди иқтисодиёти кишварро раванди мусбат дониста, зикр намуд, ки тайи 5 соли охир теъдоди онҳо аз 186,5 ҳазор ба 293 ҳазор расида, умуман 57 фоизро ташкил медиҳад. Президент дар мавриди фаъолияти бахши инфиродии кишвар қайд намуд, ки соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки беш аз 63 фоизи он ба бахши инфиродӣ рост меояд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






