Шаҳрсозии беназир

Октябрь 3, 2014 13:30

 
Ба пешвози 90-солагии шаҳри Душанбе
 
Душанбе, 03.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар тӯли 23 соли истиқлолияти кишвар бо ҳидояти Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пойтахти тоҷикон симояшро дигар намуд.
Имрўз шаҳри Душанбе бо биноҳои баландошёнаи замонавӣ, роҳҳои мумфарш, истгоҳҳои тарҳашон аз шиша, куллан аз Душанбеи солҳои 90-уми асри гузашта фарқ мекунад.
Дар робита ба ин Муслиҳиддин Нуров, сокини пойтахт ва донишҷўи соли панҷуми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон андешаҳояшро чунин баён кард:
 “Дар маркази Тоҷикистон- шаҳри Душанбе сар барафрохтани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, побарҷо шудани Қасри миллат, парафшон шудани баландтарин Парчам, сурат гирифтани Нишони давлатӣ, сохта шудани Китобхонаи миллӣ, ба истифода додани Қасри равобити пойтахт, бунёд гардидани Боғи ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ ва Боғи кӯдакону наврасон санъати шаҳрсозонае буд, ки моро ба ҷаҳониён шиносонид.
Дар соли 2012 дар вохӯрии ҷавонон бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок намуда, бори дигар дар симояш сиёсатмадори варзида, олими тавоно, инсони комилу хоксор ва пеш аз ҳама созандаву фидои ватанро дарёфтам. Ҳар сухане, ки дар он вохӯрӣ аз забонаш садо медод, барои рангоранг намудани ҳаёти ҷавонони даврони истиқлол ва ояндаи кишвар буд”,- гуфт Муслиҳиддин.
“Ман як нафар ҷавони донишҷў аз вохӯрӣ воқеан садоқати бепоёну самимии Маҳмадсаид Убайдулоевро нисбат ба Президенти кишвар, наҷотбахши миллат, меъморгари сулҳу ваҳдат ва Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарёфтам.
Ман дар 5 соли сокини шаҳри Душанбе буданам шоҳиди ободкориҳо ва гулзор намудани хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе гаштам, ки ин кори саҳлу осон нест. Барои ин корро анҷом додан масъулияти баланди шаҳрсозӣ ва мутахассиси баландпоя будан лозим аст.
Чораандешии саривақтӣ оид ба ин ё он амал, истеъдоди модарзодии шахс аст. Нависандаи бузурги рус Лев Толстой таъкид доштааст: “Пӯшида нест, ки ҳамаи инсонҳо истеъдоди модарзодӣ доранд. Барои аллома шудан 99 фисад заҳмат ва як фисад истеъдод лозим аст. Агар онро дар паҳлӯи тарозу гузорем, як фисад баробари 99 фисад аст. Пас моро зарур аст, ин истеъдодҳоро қадр кунем. Бигзор ин гуна истеъдодҳои масъулиятшинос ба мисли раиси шаҳри Душанбе М.Убайдулоев дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ афзоянд, зеро борҳо аз рўзномаву маҷаллаҳо оид ба ободкориву созандагии ў иттилоъ пайдо кардам. Ва ин сифатҳои некро дар симои эшон рўзи вохӯрӣ бо ҷавонон дар маркази равобити пойтахт пурра дарёфтам.
Ман борҳо дар расми кушодашавии иншоотҳои пойтахт аз ҷумла дар расми кушодашавии Қасри раводити пойтахт, боғи ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Боғи кӯдакону наврасон иштирок намуда, маълумотҳои дақиқу саҳеҳро ҷамъоварӣ намуда истодаам ва ният дорам, ки баъд аз хатми донишгоҳ китоберо бо номи “Шаҳрсози мумтоз”оид ба шаҳрсозии Маҳмадсаид Убайдулоев ва хизматҳои ӯ барои миллат рӯи чоп биёварам.
Олими кишваршиноси рус Н.Павлов дар китоби «Таърихи тоҷикон»-и худ чунин нуктаҳоро овардааст: «Аз рўи инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаринанд, кам андар кам миллат мисли тоҷикон ба зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо қадре фурсати нафасросткунӣ кифоят мекунад, ки онҳо боз ҷон бигиранд ва давлаташонро ободу зебо гардонанд».
Дар ҷояш масъаларо ҳал намудан ва дастуру ҳидояти Сарвари давлатро иҷро намудан санъати роҳбарӣ ва ҳисси масъулиятшиносист.
Декабри соли 2010 ҳангоми мулоқоти Президенти кишвар бо варзишгарон варзишгардухтари маъюб аз Президет хоҳиш намуд, ки ӯро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намоянд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар вохӯрӣ вазифадор намуд, ки то 21 марти соли 2011 ин варзишгардухтари маъюбро ба хонаи якҳуҷрагӣ таъмин намояд.
Раиси шаҳр дарҳол ба масъулин супориш дод, ки то охири вохӯрӣ ин дастури Президенти кишварро ҳал намуда, аз натиҷааш иттилоъ диҳанд. Дар тӯли 3 соати вохӯрӣ масъулини шаҳри Душанбе хонаи дуҳуҷрагиро бо тамоми таҷҳизоташ омода намуданд ва дар хотимаи вохӯрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба он варзишгардухтари ҷавон калиди хонаи дуҳуҷрагиро супорид.
Албатта, анҷоми саривақтии ин дастуру ҳидоят аввалан шаҳомати Президенту давлатро баланд бардорад, сониян мардумро дар атрофи ҳамин сиёсат муттаҳид менамояд.
Дар маҳаллаи Буниҳисорак як ҷазирае буд, ки дар он об кӯл шуда, дар найзорони он ғукон нишеман доштанд. Бо ҳидоят ва раҳнамоии раиси шаҳр дар ҷои он боғи кӯдакону наврасон бунёд гардид. Дар шоми кушодашавии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, ба садоқати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев нисбат ба Роҳбари давлат ва созандагию ободкориаш баҳои баланд дод. Воқеан ин боғ дар сатҳи байналмилалӣ сохта шудааст, ки баъзе нақш ва тарҳаш дар Амрико ҳам нест. Имрўзҳо ҳазорон наврасону ҷавонон дар лаҳзаҳои холигӣ аз ин макон дидан намуда, фароғати маънавӣ мебаранд.
Имрўз боиси таассуф аст, ки сокинони пойтахт бо партофтани ҳар гуна қоғазу қоғазпораҳо, қуттиҳои яхмос хиёбонҳои шаҳрро ифлос намуда, ба он беэътиноӣ зоҳир намуда истодаанд.
Иддаи дигари сокинони шаҳри Душанбе истгоҳҳои тарҳашон аз шишаро шикаста, ҳусни шаҳрро коста мекунанд. Оё ин тарзи муомила аз рўи адолат аст? Ҳаргиз не. Рафтори ин гуна афрод на ба оини мусулмонӣ ва на ба оини ҷавонмардӣ рост намеояд.
Дар рўзи иди моҳи шарифи Рамазони соли 2009 пеш аз намоз дар масҷиди марказии ба номи имом Тирмизӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба ин масъалаҳо ибрози ақида намуда, зикр кард, ки имрўз мо барои пешравии Тоҷикистонамон пеш аз ҳама худ бояд масъул шуморем, зеро Ватанамонро мо бо дасти худ   ободу зебо мекунем.
Барои ин мо бояд фарҳанги баланди шаҳрвандӣ дошта бошем. Имрўз, ки мо аз нарасидани қувваи барқ танқисӣ мекашем, нисбат ба истифодаи қувваи барқ ва дигар маводи рўзгор бояд сарфаю сариштакор бошем.
Ба нарасидани қувваи барқ нигоҳ накарда, имрўз сокинони пойтахт пурра бо барқ таъминанд. Онҳо намедонанд, ки аз нарасидани қувваи барқ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳуриамон қувваи барқ бо реҷаи муайян дода мешавад.
Сокинони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон аз ҷумла, Амрикову Русия, ки хеле пеш рафтаанд, хеле сарфакоранд, зеро онҳо сарфакориро аз ниёгони мо омўхтаанд Ҳанӯз чор аср пеш Шайх Саъдии бузургвор дар китоби “ Гулистон”-аш чунин нигоштааст. “ Сарфаи сари ошдон беҳ аз савдогарӣ дар Ҳиндустон, яъне ин он маъниро дорад, ки пиразане ки дар сари ошдон аз донаи гӯгирдчўб сарфа мекунад, дар зиндагӣ аз бои исрофкори Ҳиндустон комгортар аст.
Моро зарур аст, ки ин гуфтаи Шайх Саъдиро имрўз дар даврони истиқлолият шиори худ намоем. Ба ин васила камбизоатиро рафъ намуда, тарзи зиндагиамонро баланд бардорем. Ҳамасола аз нарасидани оби тозаи нўшокӣ дар ҷаҳон 4 ҳазор одам ба ҳалокат мерасад. Ҳоло ин неъмати бебаҳоро офаридагори азал ба мо арзонӣ доштааст. Лекин мо ба қадри ин неъмати худодод намерасем, онро бемавриду ба маврид исроф мекунем.
Бо муроди дигарон зистан оини ҷавонмардӣ буда, танҳо насиби нафароне мешавад, ки онҳо баргузидаанд.
Мо сокинони пойтахт ва ҷавонони шаҳрро зарур аст, ки бо фарҳанги баланди шаҳрвандӣ зебоии шаҳри Душанберо чун гаҳвараки чашм ҳифз намуда, фарҳанги шаҳрнишиниамонро ба оламиён нишон диҳем.
Дар зебо намудани шаҳри Душанбе ва дар расидан ба қуллаҳои мурод, ки аслан ҳадафи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадасаид Убайдулоев аст, ҳисса гузорем”, -гуфт дар хотима Муслиҳиддин Нуров.
 
 

Октябрь 3, 2014 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад