Тоҷикистон хоҳони ҳамкорист

Октябрь 14, 2014 12:00

 Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). — Дирӯз  раиси   Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  бо Ҳуқуқшиноси  шоистаи  Федератсияи  Русия,  доктори  илми ҳуқуқшиносӣ,  узви ҳайати  раёсат  ва ҳаками Суди байналмилалии  тиҷоратии  назди Палатаи  савдо  ва  саноати  Федератсияи  Русия Нина Вилкова суҳбат  намуд. 
Тавре  ки аз ПСС ҶТ  хабар  доданд, мусоҳибон масоили  истифодаи  имкониятҳои Ҳакамияти  байналмилалӣ  дар  Тоҷикистонро баррасӣ   намуданд. 
«Имрӯз  рушди  равобити  иқтисодӣ баррасии  мутамаддини  баҳсу   мунозираро  тақозо дорад, — қайд  намуд  Шариф Саид. — Ҳакамияти байналмилалӣ ва Суди  ҳакамӣ  маҳз  барои  расидан  ба  ҳамин  мақсадҳо фаъолият  доранд. Алҳол Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон намояндаи   беш  аз  600  корхонаҳои  калони  дохилию  хориҷӣ, иттиҳодияҳо  ва   созмону  бонкҳо ба  шумор  меравад. Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  ҳинни гирифтани  тасмими  мусбат  аз  рӯи Муоҳадаи  Ню — Йорк  дар  бораи эътирофу  иҷрои   қарорҳои   судҳои ҳакамии  хориҷӣ  бо Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон зич  ҳамкорӣ  дошт». 
Нина  Вилкова дар  навбати  худ аз  ҷониби  Тоҷикистон  қабул  ва имзо  шудани Муоҳадаи  Ню — Йоркро  ба таври  арзанда  арзёбӣ  кард. «Ҳакамияти  байналмилалии  тиҷоратӣ усули таъсирбахши  ҳифзи  сармояҳо ва  татбиқи  созишномаҳои  дуҷониба  дар  бораи ҳифзи  мутақобилаи сармояҳоро, ки  байни  Тоҷикистон ва кишварҳои  дигар  имзо  шудааст, фароҳам  меорад. Амалия   нишон  медиҳад, ки Ҳакамияти байналмилалии тиҷоратӣ  муносибати  беғаразонаро ба  натоиҷи  баррасии   баҳсу  мунозираҳои  бахши тиҷорат ва ҷустуҷӯи роҳҳои  қобили  қабули  ҳалли  масоили тиҷорат собит  намудааст»,  —  зикр  намуд Нина  Вилкова. 
Дар  хотимаи  суҳбат Шариф  Саид  пешниҳод  намуд, ки  баъди  дар  Тоҷикистон қабул  шудани қонун  дар  бораи Ҳакамияти  байналмилалии  тиҷоратӣ  дар  нимаи  аввали   соли  2015 дар  шаҳри  Душанбе  бо  иштироки  ҳакаму  коршиносони  ҷаҳонӣ  конфронси  байналмилалӣ  доир  карда шавад.

Октябрь 14, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд