Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии Иқтисоди Исломӣ

Ноябрь 6, 2014 14:18

Душанбе, 6.11.2014. (АМИТ «Ховар»). — Аз 28 то 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Амороти муттаҳидаи Араб ҷаласаи 10-уми Форуми умумиҷаҳонии Иқтисоди Исломӣ баргузор гардид. Дар миёни ширкаткунандагон роҳбарони давлат ва масъулони олимартабаи ниҳодҳои бонуфузи як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии халқии Бангладеш Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Ноиби Раиси Ҷумҳурии Сейшел Дани Фауре, Сарвазири Малайзия Сри Муҳаммад Наҷиб Абдулраззоқ, Сарвазири Люксембург Хавиер Беттел, Сарвазири Ҷумҳурии Тимори Шарқӣ Рала Густаво, Раиси Бонки Рушди Исломӣ Аҳмад Муҳаммад Алӣ ва Президенти Фонди WIFE Тун Мусо Ҳитам ҳузур доштанд. Дар Форум 3300 нафар даъватшудагон аз 108 кишвари дунё иштирок намуданд.  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Форуми зикргардида муовини Сарвазир Азим Иброҳим, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Буриев ва муовини аввали Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Лочин Файзуллоев муаррифӣ намуданд. Дар рўзномаи кори Форум 29 мавзўи муҳими соҳаҳои иқтисод ва сармоягузории исломӣ, рушд ва таҳкими сармоягузории мувофиқ ба қонунҳои шариати исломӣ, коҳиш додани фақру бенавоӣ, ворид намудани дастовардҳои технологияи муосир ба соҳаҳои кишоварзӣ, хўрокворӣ, тандурустӣ, таъмини шароити муносиб барои рушди таълим бидуни сарҳад, экология, тарбияи кадрҳо дар соҳаи бонкдории исломӣ, фаъолсозӣ ва тавсеаи ширкати занҳо ва насли ҷавон дар роҳбарии фаъолиятҳои соҳибкорӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба сармоягузории зербино ва нақлиёт, баровардани «Сукук» (вомбаргҳо) ворид карда шуда буд, ки аз ҷониби ширкаткунандагон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Ифтитоҳи рўзи дуюми ҷаласаи корӣ бо суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оғоз гардид, ки он фарогири самтҳои гуногуни иқтисоди миллии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа буд. Аз ҷумла, амалӣ гардонидани лоиҳаҳои аҳамияти минтақавӣ дошта, эҷоди самтҳои ҷадиди ҳалқавии шабакаҳои инфрасохторӣ дар минтақа, коҳиш додани арзиши интиқоли молу маҳсулот, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, самаранок истифода намудани имкониятҳои нисбии афзалиятдоштаи минтақа аз меҳвари суханрониҳо муовини Сарвазир дар кори Форуми иқисодӣ ба шумор мерафт. Қайд карда шуд, ки нақши кишварҳои пешрафтаи исломи таҷриба ва имкониятҳои фарохи сармоягузории онҳо метавонад ба рушди муътадили дигар кишварҳои исломӣ мусоидат намояд.Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариши муносибатҳои дўстона, ҳамкориҳои судманд бо кулли кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои ҷаҳони исломӣ мебошад. Мусаллам аст, ки рушди иқтисодии дилхоҳ кишварро бе таъмини нерўи барқ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ тасаввур кардан номумкин аст.Дар шароити кунунии ниёзмандиҳои рўзафзун ба нерўи барқ чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар кишварҳои минтақа, тараққӣ додани ин самтҳо аз нигоҳи мо хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Истифода гардидани иқтидорҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имконияти дар як сол то 530 миллиард киловатт — соат нерўи барқи обӣ истеҳсол карданро дорад, метавонад ниёзмандии кишварҳои минтақаро бо нерўӣ барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ арзон таъмин намуда, ба рушди минбаъдаи онҳо мусоидат намояд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи гидроэнергетика, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, қабл аз ҳама сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, таваҷҷуҳи зиёд дорад. Айни ҳол ҷиҳати сохтмони хатҳои интиқоли нерўи барқ КАСА–1000, ки мақсад аз татбиқи ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба давлатҳои Афғонистон ва Покистон мебошад, бо Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории босамар ва муоссир дорад.Самти дигаре, ки диққати иштирокчиён ба он ҷалб карда шуд, ин лоиҳаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ мебошад, ки ба мисли лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ буда, аз лиҳози сармоягузорӣ фоидаоваранд.Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои автомобилии байналмиллалӣ татбиқ гардид ва ин имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа тавассути ин тарҳҳо ба бозорҳои якдигар роҳ ёбанд, вале ин интиҳои имкониятҳои транзитии кишварҳои минтақа нест. Мо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Узбекистон, Қирғизситон ҳамсарҳадем ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо, рушди робитаҳои минтақавӣ, барои дарёфти манбаъҳои маблағгузории таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани Хитой — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон, Россия -Қазоқистон — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон ва роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон — Тоҷикистон, ҳавасмандии зиёд дошта, гуфтушунидро бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ идома дода истодааст. Татбиқи ин лоиҳаҳо ҷумҳурии мо ва дигар кишварҳои ҳамсояро ба ҳам, инчунин бо инфрасохторҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ ва бандарҳои уқёнуси Ҳинд ва Ором пайваст хоҳад намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои ҷалби сармоя ҷиҳати коркарди маъданҳои кўҳӣ имкониятҳои хеле васеъ дорад. Дар кишвари мо зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд. Аз онҳо қариб сад кон, ки дар онҳо тақрибан 40 намуди маъдан истихроҷ мегарданд, истифода мешаванд. Кишвари мо ҳамаи навъҳои сангҳо ва металҳҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми заруриро доро буда, истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судовари иқтисодист. Имконоти дигари ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои исломӣ ин соҳаҳои аграрии Тоҷикистон, ки дорои иқлими муносиби парвариши номгўи васеи сабзавоту меваҳо ва соҳаи туризм, хусусан туризми кўҳӣ ва солимгардонӣ метавонад гардад. Тоҷикистон дар асоси судмандии мутақобила ба ҷалби иштироки фаъолонаи кишварҳои исломӣ дар раванди ба кор андохтани имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, истифода гардидани имкониятҳои транзитии худ ва кишварҳои ҳамсарҳад, инчунин ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои зикргардида ҳавасманд мебошад.Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкориҳои созанда бо якдигар дар асоси принсипҳои дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як кишвари ҷаҳон мебошад.Раиси Фонди WIFE Тун Мусо Ҳитам зимни суханронии худ дар маросими пўшидашавии Форум иброз намуд, ки иҷлосияи 10-уми Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодии Исломӣ ба тамоми ҳадафҳои худ ноил гардид. Дар кори он иштирокчиён фаъолона масъалаҳои бартараф намудани монеаҳои вуҷуддошта ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои аъзоро баррасӣ намуданд. Инчунин қайд гардид, ки нисбат ба Форуми қаблии дар Лондон баргузоргардида, шумораи бештари меҳмонон дар ин ҳамоиш ширкат варзиданд ва Ў изҳори умедворӣ кард, ки Давлатҳои муттаҳидаи амороти Арабӣ дар оянда макони баргузории боз як даври дигари Форум хоҳанд гардид. Дар интиҳои ҳамоиш қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисоди Исломӣ 10-15 октябри соли 2015 дар пойтахти Малайзия шаҳри Куало-Лумпур баргузор карда шавад.

Ноябрь 6, 2014 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд