Беҳтарин ҷоизаи байналмилалӣ ба «Лаку Пак»
Душанбе, 3.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Намоишномаи «Лаку Пак»-и Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон дар V-умин ҷашнвораи байналхалқии театрҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 25 то 31-уми октябр дар кишвари Қозоқистон баргузор шуд, соҳиби беҳтарин ҷоиза ва дипломи махсуси ҷашнвора барои ҷуфти беҳтарин гардид»,- иттилоъ дод Аловуддин Абдуллоев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи А. Абдуллоев дар ҷашнвора беҳтарин намоишномаҳои театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия пешкаши ҳаводорони театр гардид. Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора намоишномаи ҳаҷвии «Лаку Пак» аз афсонаи машҳури «Лаку Пак», ки аз ҷониби Абдулҳафиз Қодирӣ ва Иброҳим Усмон таҳия гардида, ҳунарпешаи маъруф Парвиз Раҷабов коргардон ва басаҳнагузорандаи он мебошад, муаррифӣ намуд.
Нақшҳои асосии «Лаку Пак»-ро ҳунарпешаи маъруф Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев иҷро карданд.
«Лаку Пак» намоишномаест, ки аз унсурҳои шеър, мусиқӣ, бадеҳа, фолклор, рақс, намоиши бесадо ва ҳам тақлид иборат аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






