C. Қосимова: Соли 2014- соли «Аҳорун» буд

Ноябрь 7, 2014 16:02

«Театр ҳатто дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт ҳамеша паҳлӯи мардум қарор гирифта, дар сарнавишти миллати тоҷик нақши басо муассир гузоштааст».
 Эмомалӣ Раҳмон 
Душанбе, 07.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди кормандони касбҳои гуногуни ҷумҳуриро ба истиқболи 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои олии низомию махсус сарфароз гардонд. Дар арафаи ин ҷашни фархунда,  аз ҷумла ҳунарманди  шинохтаи кишвар, директори Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон  Қосимов «Аҳорун» Сабоҳатхон Қосимова бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид. Имрӯз  бахшида ба Рӯзи театри тоҷик бо ин ҳунарманди халқӣ ҳамсуҳбат гардидем.
-Муаллима, мегуфтед, ки соли 2014 барои театри «Аҳорун» чӣ комёбиҳо овард?
-Имсол барои мо  соли театри «Аҳорун» буд. Ба фикри ман барои ҳар як театр доштани бино ва саҳна омили асосӣ мебошад ва дар соли 2014 мо ба ин ҳадафи худамон расида, соҳиби бино ва саҳна гаштем, ки ин бурди мо мебошад. Ман аз ҳунармандони театри «Аҳорун» хеле минатдорам, ки солҳои тӯлонӣ тавонистанд ҳама душвориҳоро паси сар карда, нисбат ба  ба театр, ба касби худ ва ба мактаби Фаррухи Қосим содиқ монанд. Албатта, ба ин ҳадаф расидан бе дастгирии Президети кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон  номумкин буд. Аз ҳамин сабаб мехоҳам минатдории худ ва  аҳли  хунармандони театри «Аҳорун»-ро  ба онҳо расонам.  Мо аз ин дастгириҳои Ҳукумату Президенти мамлакат хеле сипосгузорем. Вақте орзу ба воқеият табдил меёбад, аз ин хушбахтии  бештар нест. Орзуи мо, аҳли ҳунармандони театри «Аҳорун» низ  ҷомаи амал пӯшида, пояи мактаби Фаррухи Қосим устувор гашт ва театри ӯ  соҳиби бинои худ шуд. 
-Имсол дар саҳнаи «Аҳорун» кадом намоишномаҳо ба тамошо гузошта шуданд?
— Намоишномаҳои  Фаррухи Қосим  барои тамошобини тоҷик, алалхусус  ҷавонон таҳия гардида буданд,  вале мутаассифона, на ҳамаи ҷавонон онро тамошо кардаанд.  Бинобар  ин мо  кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки ҳамаи ин намоишномаҳоро барои  тамошобини тоҷик  аз нав рӯи саҳна монем. Мо доим орзу доштем, ки ҳангоми соҳиби саҳна гаштан ҳамаи намоишномаҳои Фаррухи Қосимро бо ҳунармандони ҷавон аз нав эҳё мегардонем. Мо аллакай намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», «Шоҳ Фаридун» ва «Шайх Санъон»-ро  рӯи саҳна гузоштем. Имсол аз ҷумла намоишномаи «Ошӯби Хайём»-ро, ки коргардонаш Ғаниҷон  Олимов мебошад, ба намоиш гузоштем. Мо  ният дорем аз «Шоҳнома» намоишномаи «Исфандиёр»-ро  низ ба наздикӣ ба саҳна монем.  
-Тавре ки медонем, «Аҳорун» театри таҷрибавии тамошобини ҷавон мебошад. Оё ҷавонон имрӯз ба театр таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд? 
-Ростӣ дар замони шӯравӣ  ҳам масъалаи тамошобин вуҷуд дошт. Дар он давра барои бартарф намудани ин мушкилӣ  мактабу боғча ва оиларо  ҷалб мекарданд. Имрӯз ҳам вазифаи  театр  ҷалби  тамошобин, алалхусус ҷавонон мебошад, то онҳо ақаллан аз  таърихи халқи худ,  адабиёту фарҳанги ҳазорсолаи худ  бархурдор гарданд. Сараввал мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то  донишҷӯёни студияи «Аҳорун» нисбат ба  таъриху  фарҳанг ва забони модарии худ  ишқ пайдо кунанд.  Завқ,  албатта, бе тарбияву хондани китоб, бе омадан ба театр пайдо намешавад. Ҳар як шахс ба театр ҳамчун  ба як китоби хуб, ба суруду мусиқии форам  бояд эҳтиёҷ  дошта бошад. 
-Оё бо донишҷӯёни ҷавоне, ки қадами аввалини худро ба ҷодаи санъати театр мегузоранд, кор кардан душвор аст?
-Албатта, душвор аст.  Ҳусусан дар мавридҳое, ки  донишҷӯ  дониши кофӣ надорад.  Мардуми мо ҳунарманд буданро  кори саҳл мешуморанд. Ҳунарманд аз ҳама ҷиҳат, махсусан  аз ҷиҳати донишу фаҳмиш ду қадам аз дигарон бояд пеш бошад, то тавонад рӯи саҳна баромада, сухан гӯяд. Ҳунарманд шудан масъулияти хеле зиёдро  металабад. Мо аллакай як студияи донишҷуёнамонро ба воя расонидем. Бештари онҳо пас аз хатм чун ҳунарманд дар театри мо кор карда истодаанд.  Дар  айни ҳол боз донишҷӯёни соли сеюмро тарбия дорем. Масъулияти ман назди донишҷӯёне,  ки мехоҳанд ҳунарманд шаванд, хеле калон аст. Ҳунарманди асил бояд ҳам рассом, ҳам шоир, ҳам нависанда ва ҳам коргардон бошад, бояд  психологияро хуб донад. Инсонро таҳқиқ карда тавонад. Ҳар як лаҳзаро дар саҳна таҳқиқ ва ҳал кунад, то нақшашро ба хубӣ бозад. Асбоби ҳунарманд  тани вай,  бадани вай мебошад,  вай бояд бо ин асбоби худ, яъне тани худ кор карда, онро идора карда тавонад.
-Барои актёри хуб шудан пеш аз ҳама хоҳиш лозим аст ва ё лаёқат?
-Албатта, ҳарду бояд бошад. Ҳардуяш бошад, хеле олӣ мешавад. Вақте ҳунарманд лаёқат дораду хоҳиш не,  лаёқаташ мемурад, зеро  вай ҳунарашро сайқал дода наметавонад, рӯи ҳунараш кор карда наметавонад. Шахсе ки хоҳиш дораду  лаёқат надорад, ҳеқ гоҳ ҳунарманди асил шуда наметавонад. Вай аз субҳ то шом машқ мекунад, вале танҳо як ошиқ, як дилбохтаи театр мешавад. Ҳунар Худодод  асту  хоҳиш  маҷбур месозад,  то шахс кашшофӣ кунад, зеро  хунарманд бояд доим дар ҷустуҷӯ бошад. 
-Театри  «Аҳорун» минбаъд чӣ нақшаҳо дорад?
-Тавре ки Фаррухи Қосим мегуфт: «Нақшаҳои ман хеле зиёданд, агар умр вафо кунад».  Мо ҳам нақшаҳои зиёд  дорем. Аввалан  ҷавононро омӯзонидану аз онҳо ҳунарманди асил сохтан лозм аст. Мехоҳем намоишномаҳои навро ба саҳна гузорем, аз рӯи асари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ як силсиланамоиш барои мактаббачагону кӯдакон тайёр кунем. Ҳоло кор рӯи саҳнаи  «Зол ва симурғ» пурра ба итмом расидааст. Мақсади мо  кӯдакону мактаббачагонро  аз синни хурдӣ бо  таъриху адабиёт ва асарҳои «Шоҳнома» огоҳ кардан аст. Мо кӯшиш кардем асарҳои «Шоҳнома»-ро  сода карда, ба саҳна гузорем. Барои иштирок дар  озмуни театрии «Парасту» тайёрӣ дида  истодаем.  Бо студияи «Аҳорун» асари Молйер «Тартюф»-ро низ ба саҳна гузоштанием.  Умуман нақшаҳои театри «Аҳорун» хеле зиёданд. 
-Таманиёти Шумо ба кулли ҳунармандон дар Рӯзи   театри тоҷик.
-Ба ҳунармандони тоҷик таманно дорам, ки пеш аз ҳама ҳунари худ, касби худро дӯст доранд. Тавре ки Станиславский мегуфт: « Худро дар санъат дӯст надор, санъатро дар худ дӯст дор».   Бояд   ишқи мо нисбат ба касбамон бештар бошад. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки аз рафтори  мо ҳунармандони оянда дарк намоянд, ки театр қувваи бузург аст. 
— Ташаккур барои суҳбат.
 

Ноябрь 7, 2014 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид