Конститутсия- шаҳодатномаи соҳибистиқлолӣ

Ноябрь 3, 2014 14:55

Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.
    Эмомалӣ Раҳмон
 
 
  Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва ичтимоию фарҳангие ба вуқӯъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун рӯзи қабули  Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст. 
Аз ин ҷост, ки соҳаи фарҳанг дар даврони 20-соли қабули Конститутсия (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ ба дастовардҳои бузурге ноил гардид. Фарҳанги миллии тоҷик бо вуҷуди таърихи антиқиаш дар ин давра хусусияти хоссаро касб карда, эҳёи суннатҳои тоҷикӣ, тақвияти худшиносӣ, ватанпарварию арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат ва ягонагию якпорчагии кишвар ба масъалаҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ табдил ёфтанд. Аз ин рӯ, таърихи 20-солаи фарҳанги кишвар дар таносуб бо тамоми таърихи фарҳангии миллати соҳибтамаддунамон дар таърихномаи фарҳанги кишвар мавқеи хосса дорад. 
Маҳз бо шарофати қабули санади асосии кишвар- Конститутсия сиришти маънавии миллати тоҷик ба ҳайси меҳвар ва мояи фикрии давлати соҳибистиқлоли мо расмияти сиёсӣ пайдо намуда, аҳли фарҳанги кишвар ба сарнавишт ва мақоми ниёгони хеш дар тӯли таърих бо диди нав ва доираи фаротар назар андохта, тавассути офаридаҳои тозаву ҷолиби ҳунарӣ нақш ва нуфузи миллати тоҷикро дар таърихи ҷомеаи башарӣ, дар ташаккули муҳимтарин равандҳои таърихиву фарҳангии ҷаҳони мутамаддин бо тобишҳои нав ҷилвагар сохтанд.
Боиси ифтихор ва шарафмандии мардуми сарбаланди тоҷикон аст, ки бо шарофати қабули Қонуни асосии давлат- Конститутсия  сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, барои рушди устувор ва бамайлони фарҳанги миллӣ дар мамлакат фазои мусоиду озод фароҳам омад.  Робитаҳои  гуногунпаҳлӯи фарҳангии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ЮНЕСКО, ИСЕСКО (Созмони исломии илму фарҳангу маориф) ва  дигар кишварҳои олам беш аз пеш тавсеа меёбанд.
Туфайли равобити қавӣ ва ҳамкориҳои судманд бо ин созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ба конвенсияҳои байналмилалии ЮНЕСКО  «Оид ба ҳифз ва ташвиқи гуногунии шаклҳои худбаёнии фарҳангӣ» ва «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ» ҳамроҳ гардид. Аз ҷониби онҳо пазируфтани ташаббусҳо ва пешниҳодоти кишвари мо далели манзалату мартабаи шинохташудаи фарҳангу тамаддуни тоҷикон аст.
Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ боз як намунаи барҷастаи фарҳанги миллӣ — санъати гулдӯзии  «Чакан» барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии  ЮНЕСКО пешниҳод шуд, ки аз ҷониби ин созмони байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.
Дар ин давра баҳри таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди минбаъдаи муассисаҳои фарҳангии кишвар як силсила консепсияҳо, қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия гардид, ки ба рушду такомули фарҳанги миллӣ таккони ҷиддӣ бахшид. 
Бо шарофати таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари Давлат ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат солҳои охир маблағгузории соҳа пайваста зиёд мегардад. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2014 бо назардошти тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ва буҷети тасдиқшуда ҳаҷми он 586,2 млн. сомониро ташкил кард.  Бояд гуфт, ки дар ин давра буҷети соҳаи фарҳанг ва варзиш 504 маротиба афзуда, дар маҷмӯъ 2 млрд. 451,1 ҳазор сомониро ташкил додааст ва музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг 16 маротиба афзоиш ёфтааст. 
Ҳамчунин дар ин давра ба бунёди инфрасохтори замонавии соҳа эътибори ҷиддӣ дода шуда, дар давоми 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 13 бинои нави  хона ва қасрҳои фарҳанг, 5 осорхона, 13 китобхона бунёд гардида, аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун бинои 305 китобхона, 101 хона ва қасрҳои фарҳанг, сози нодири мусиқӣ -арғунун дар толори ДДСТ ба номи М.Турсунзода таъмир гардида, бинои Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнї, Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Маҷмааҳои давлатии «Кохи Борбад», «Кохи Тоҷикистон» тармиму навсозӣ шуданд. Дар ин росто муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ — таъсиси Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, инчунин баистифодадиҳии биноҳои нави Китобхона ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ба шумор мераванд, ки аз нигоҳи тарҳи меъморӣ, имкониятҳои техникиву иттилоотӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ камназиранд. 
Қабули «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» ба маблағи  беш аз 10 млн. сомонӣ яке аз тадбирҳои муҳим дар самти эҳё, ҳифз ва рушди арзишҳои маънавии миллати тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ ба шумор рафта, тибқи он аз ҷониби Вазорати фарҳанг имсол «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик» таҳия гардидааст, ки яке аз иқдомҳои устувор дар самти ҳифз, тарғиб ва рушди намунаҳои барҷастаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба шумор меравад.
Танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 дар маҷмӯъ 1300 ҷузъи чопӣ адабиёти бадеӣ, таълимӣ, илмӣ-оммавӣ ва дастурҳои аёниро бо теъдоди  65750 нусха ба табъ расониданд.
Аз ҷумла, нашриёти  «Ирфон» дар ин муддат аз ҳисоби даромадҳои дохилии  муассиса  китоби  «Ҷашни Наврӯз — омили худогоҳии миллӣ», аз ҳисоби маблағҳои сарпарастон китобҳои «Ванҷи пурганҷ», «Аз Қасри Арбоб то минбари башар», «Махзани маърифат» ва аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006- 2015»  китоби «Фарҳанги китобдорӣ»-ро нашр намуд. Нашриёти «Адиб» аз ҳисоби маблағҳои Фонди эҳтиётии президентӣ  дар ҳаҷми умумии 370 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 23000 нусха китоби адибони классику муосирро ба табъ расонд. 
Мавриди зикр аст, ки имсол низ соҳаи фарҳанг ба пешравию комёбиҳои беназир ноил гардид. Чанде қабл синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» бо ширкати синамогарони Осиёи марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. 
Дар он 12 давлати дунё 70 номгӯй филмро дар жанрҳои гуногун ба маърази тамошо гузошт, ки аз ҷумла 12 филми он аз коргардонҳои ватанӣ буд.
Ногуфта намонад, ки робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои дунё маҳз аз тариқи қонун ва санадҳои марбут ба Конститутсия сурат мегиранд ва хушбахтӣ дар ин аст, ки имрӯз тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро ҳамчун кишвари соҳибҳуқуқ бо фарҳанги волояшон мешиносанд.
Аз ин ҷост, ки Президенти кишвар соҳаи фарҳангро соҳаи афзалиятнок ҳисобида, гуфтааст, ки:  “Миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз, пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ва маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳими ояндасоз хизмат намудааст.”
Имрӯзҳо дар остонаи таҷлили 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар оид ба нақши Сарқонун дар ҷомеаи кунунӣ силсилаи мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолии гуногункасб, алалхусус барномаҳои зиёди консертӣ баргузор гардида истодаанд.
Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми шарифи мо комилҳуқуқ гардида, бо қабули ин санади муҳими таърихӣ метавонанд дар фазои орому осоишта озодона зиндагӣ кунанд.
 
 
 

Ноябрь 3, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд