Сарқонуни Тоҷикистон одилонаву демократист

Ноябрь 3, 2014 15:54

Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 3 ноябри соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он номзади  илмҳои ҳуқуқ, судяи Суди конститутсионии ҶТ К. Каримов дар бораи аҳамияти таърихи Конститутсия (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ гуфт, ки имсол ба қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Конститутсия омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳифзкунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Ин санади тақдирсоз ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва санади тақдирсозест, ки роҳи рушду пешрафти давлати точиконро дар садсолаҳо равшан месозад. 
 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
 Ҳамчуноне ки дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: мардуми Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонад ва зимни таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли он, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.
Мавриди тазаккур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дар ҳолати тағйиру таҳаввул қарор дорад ва хоcса, Тоҷикистон, ки рӯ ба тараққӣ аст, бинобар дигаргуниҳои дохилӣ ва хориҷӣ, қонунгузории хешро низ бояд мутобиқ бо ниёзҳои рӯз такмилу тағйир бидиҳад. Ин буд, ки дар давоми 23 соли Истиклолияти давлатӣ ду маротиба — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд.
Қобили зикр аст, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоқикистон дар радифи даҳ Сарқонуни ҷаҳон аз ҳама одилонаву демократӣ ва дурандешонаву хайрхоҳона маҳсуб меёбад, агарчи дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ қабул шуда бошад ҳам, самараи онро дар ин бисту се соли истиқлолият дида истодаем. 
 Ҳаёти сиёсии даврони истиқлол ва шароити хоси ҷаҳонӣ маҳз ҳаминро талаб менамуд, ки яккаҳизбии даврони Шӯравӣ аз байн бурда шавад ва дар кишвар гуногунҳизбӣ, ки хоси ҷомеаи демократист, арзи вуҷуд намояд. Аз ин рӯ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳашт ҳизби сиёсӣ ва шумораи зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд ва барои пешрафти ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми босазои худро гузошта истодаанд.
Дар Сарқонун яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо мебошад ва мувофиқи моддаи нуҳуми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатии кишвар ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ тақсим шуда ва ҳамчунин дар моддаҳо ва бобҳои алоҳида дар мавриди сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти шохаҳои ҳокимият зикр шудааст.
Дар боби дувуми Конститутсияи ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. Зикр кардан ба маврид аст, ки 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Махсусан, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ он пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия ворид гардиданд, онро такмил дода, пурратар сохтанд. Хусусан, дар моддаи панҷуми он тағйири куллӣ анҷом гирифт, ки бар асоси он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шуданд. Воқеан, меъёрҳои мазкур ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ин санад барои мардуми мо санади тақдирсоз аст ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад.
Дар шароити кунунӣ, қабл аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия кардани мардум ва ба ин роҳ ҳидоят намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. 
Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Точикистон бахшида ба бистсолагии Сарқонуни ҶТ фармони авфи беш аз 10 ҳазор маҳбусро имзо намуд, ки он дар расонаҳо унвони «авфи тиллоӣ»-ро гирифтааст ва мисолаш дар таърихи башарӣ кам дида мешавад.
Ба таври умумӣ метавон баён кард, ки дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалӣ ва фарҳанги оламшумули динию суннатии мо, иродаи кулли тоҷику тоҷикистониён ба таври мушаххас ифода ёфтаанд ва ин шахсони мутасаддиро водор месозад, ки меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро комилан риоя намоянд. 
 

Ноябрь 3, 2014 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад