Аҳолии деҳот бо чорвои хушзот таъмин мегардад
Душанбе, 26.12.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату ташкилотҳои дахлдор татбиқи ду лоиҳаи муҳим: «Беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» ва Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» — ро мавриди татбиқи амал қарор додааст.
Тавре ки намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров иттилоъ дод, ҳадафи асосии ҳар ду лоиҳа бо роҳи густариши инфрасохтори маҳаллӣ, таъмини аҳолии ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳаҳо бо техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, рушди чорводорӣ ва идоракунии босамари чарогоҳҳо беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот аст. Махсусан дар мавриди татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» чорабиниҳои зарурӣ оид ба рушди чорводорӣ ва хушзотгардонии чорвои маҳаллӣ амалӣ гардида истодаанд.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати зоти чорво дар мамлакат воридоти чорвои зотӣ ва нутфаи он аз хориҷ ва истеҳсоли он дар дохил, барои бордоркунии сунъӣ ва табиӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина бо дастгирии Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” имрӯз 20 сар буққаи хушзоти швитсӣ ва сиёҳалло харид гардида, ба 16 ҷамоати ноҳияҳои Восеъ, Фархор ва Темурмалик барои хушзотгардонии чорвои аҳолии деҳот дастрас шуд. Фаъолияти мазкур дар оянда низ идома меёбад ва ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг ва Балҷувон бо 20 сар буққаи хушзот таъмин мегарданд. Бояд зикр намуд, ки ҳалли яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ба рушди кишоварзӣ вобастагии ҷиддӣ дорад. Соҳаи чорводорӣ низ дар ин самт нақши муҳимро мебозад. Истеҳсолоти чорводорӣ дар қатори дигар омилҳои таъсиркунанда аз зоти чорво вобаста аст. Дар ҳолати беҳтар намудани сифати зоти чорво, бо хароҷоти ками воситаҳои истеҳсолӣ маҳсулоти зиёд гирифтан имконпазир мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






