Фархор: хизматрасонии бонкӣ беҳтар гардидааст

Декабрь 23, 2014 10:46

Фархор, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Фархор  аз ҷониби филиали  ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»  дар 11 моҳи соли ҷорӣ  барои маблағгузории  соҳаи кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум, роҳпул  барои муҳоҷирони меҳнатӣ  ва дигар соҳаҳо  ба 181 нафар мизоҷ ба маблағи 3 млн. 644 ҳазору 329,97 сомонӣ  қарзҳои кутоҳмуддат дода шуд. Ба гуфти директори  филиали мазкур Фаридун Неъматов  барои беҳдошти сатҳи зиндагии  аҳолии ноҳия  ва харидории маводи ниёзи мардум, аз қабили  хӯрокворӣ, либос, корҳои сохтмонӣ ва дигар маводи рӯзмарра  ба 22 мизоҷ  ба маблағи  670 910 сомонӣ  қарзҳои кутоҳмуддат дода шуд, ки  ин 22%-и солонаро дар бар гирифта, муҳлати  пардохти он  3 сол мебошад. 
 
 
 

Декабрь 23, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад