Гардиши савдои хориҷӣ ва рушди ММД дар нуҳ моҳ

Декабрь 8, 2014 16:22

Душанбе, 8.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Қобили зикр аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви фаъол ва эътирофшудаи ҷомеаи байналмилалӣ мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мутахассиси Раёсати тадқиқоти  масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи   бахши хусусии МТС-и назди Президенти  ҶТ Замира Кокова ҳамсуҳбат гардид:                                                                -Шумо дар мавриди робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ   ва созмонҳои тиҷоратии байналмилалӣ чӣ гуфта метавонед?
-Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро барқарор намудааст. Дар ин раванд корҳои зиёд барои ҳамгироии кишварамон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва махсусан бо Иттиҳоди иқтисодии Евразия (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба анҷом расонида шуданд.
 Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании ба содирот нигаронидашуда, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд.
Барои мисол: Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ бештар аз 3,8 млрд. долларро ташкил додааст, ки 11,3 % бештар аз ҳамин давраи соли 2013,  ё  386,3 мл. доллар бештар аст.
Аз рӯи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни тиҷоратӣ бештар аз 2,4 миллиардро ташкил додааст. Тоҷикистон дар ин давра бо 93 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, бо 10 кишвари аъзои ИДМ ва 83 мамлакати хориҷии дур робитаи тиҷорати хориҷӣ доштааст.
43,8%, ё бештар аз 1,6 млрд. доллар гардиши тиҷорати хориҷӣ ба кишварҳои аъзои ИДМ ва  56,2%, ё бештар аз 2,1 млрд. доллар бо мамлакатҳои хориҷии дур рост меояд. 
Тайи ин давра содироти амвол бештар аз 697,9 млн. доллар ва воридот 3,1 млрд. долларро ташкил додааст. 
-Мегуфтед, ки ҳамкорони асосии ҶТ дар гардиши тиҷорати хориҷӣ кадом кишварҳоянд?
-Ҳамкорони асосии ҶТ дар гардиши тиҷорати хориҷӣ: Русия — 968,2 млн. доллар, Қазоқистон — 521,2 млн. доллар ва Туркманистон — 70,4 млн.долларро ташкил додааст.
Ҳамкорон аз мамлакатҳои хориҷии дур  — Чин бо 509,3 млн. доллар, Туркия  бо 378, 7 млн. доллар, Швейтсария бо 317, 9 млн. ва Эрон бо 173,1 млн. доллар мебошанд. 
 Муносибатҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки таҷдиду рушди Аврупо, Бонки осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ ва як теъдод хазинаву фондҳои кишварҳои мухталиф хеле созандаву муваффақона сурат мегиранд. Тоҷикистон барои афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои кишварҳои Русия, Чин, Амрико, Аврупо, ҷаҳони ислом ва дигар давлатҳо саъю талош намуда, хоҳони густариши равобити устувори дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатӣ бар пояи прагматизми иқтисодӣ ва ҳусни тафоҳум мебошад. Ба ҳамин тариқ барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2011-2013, 2012-2014, 2013-2015 ба вуҷуд омадаанд. Барои мисол: Дар давоми солҳои 2010-2014 ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки зиёда аз шашуним миллиард сомонии онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Сармояи ҷалбгардида асосан ба соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, хизматрасонии молиявӣ, кишоварзӣ ва соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ равона гардидааст.
Дар баробари масъалаҳои мазкур, дар доираи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва инкишофи бозори меҳнат қадам ба қадам рушд намуда истодааст. Маврид ба зикр аст, ки  аз тарафи ҳукумати мамлакат  тамоми тадбирҳо андешида шуда истодаанд, ки мушкилиҳои мавҷуда бартараф гарданд. Илова бар ин  ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба маблағи 31,5 млрд. сомонӣ (бештар аз 6,3 млрд. доллар) будааст. Ин нишондиҳанда бо нархҳои муқоисавӣ аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 6,9 % бештар аст.
Бояд зикр намуд, ки  дар сохтори ММД — и кишвар тайи нуҳ моҳи ин сол ҳиссаи кишоварзӣ, шикор, ҷангалдорӣ, моҳидорӣ ва моҳигирӣ — 22,5%  будааст.  Саҳми тиҷорат, таъмири мошин, молҳои маишӣ ва ашёи истифодаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва қаҳвахонаҳо 14,8%, андоз — 14,3%, алоқа ва хоҷагии анбор — 13,9%, саноат ва энергетика — 11,4%, сохтмон 3,3% будааст.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2013 ҳаҷми ММД бештар аз 40 миллиарду 524 млн. сомонӣ  (бештар аз 8,5млрд. доллар) буда, бо нархҳои муқоисавӣ аз соли 2013  7,4% бештар аст. 
Ҳукумат ҳаҷми ММД -ро аз рӯи натиҷаи соли ҷорӣ 47 млрд. сомонӣ (бештар аз 9,7 млрд. доллар) пешбинӣ менамояд. Тибқи пешбинии Вазорати молияи ҶТ, ки дар Буҷети давлатӣ зикр гардидааст, рушди ММД — и ҷумхурӣ дар соли 2014  7,6% ташкил медиҳад. 

Декабрь 8, 2014 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд