Танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт: омилҳо ва роҳҳои пешгирӣ

Декабрь 17, 2014 11:38

          Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-Мушоҳидаҳо  нишон  медиҳанд, ки шумораи нақлиёт дар кишвар сол то сол зиёд шуда, барои  ҳаракати  озоди  воситаҳои нақлиёт,  хусусан дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе  монеа эҷод мекунад, ки ин боиси зиёд шудани танбашавӣ  ва ё ба истилоҳ  “пробка” мегардад.  Масъалаи  мавриди таҳқиқ ин аст, ки имрӯз дар баробари  зиёдшавии воситаҳои нақлиёт, инчунин кадом омилҳо боиси танбашавӣ дар пойтахт  мегарданд ва аз ҷониби мақомоти марбута дар ин самт чӣ чораҳо дида мешаванд?  
Аз  Раёсати  Хадамоти  давлатии  назорат  ва  танзим  дар  соҳаи  нақлиёт дар шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки  танҳо то моҳи марти соли  2014 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ  57 422 нақлиёт( 51 795-адад фаъолияткунанда )  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор  3 452 адад нақлиёти боркаш (2 800 адад фаъолияткунанда ), 3 180 адад нақлиёти мусофирбар ( 2 400 адад фаъолияткунанда), 50 186  адад нақлиёти сабукрав ( 46 235 адад фаъолияткунанда ) ва  604 адад нақлиёти махсус мебошад. Ба иттилои  Файзиддин  Камолов, сардори   ниҳоди мазкур  дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли  2013  шумораи умумии воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе  88%  зиёд шудааст.  Масъулини  Раёсати  Хадамоти  давлатии  назорат  ва  танзим  дар  соҳаи  нақлиёт дар шаҳри  Душанбе яке аз омилҳои асосии  танбашавӣ дар пойтахтро асосан дар набудани таваққуфгоҳҳои   махсуси    назди  марказҳои савдо ном мебаранд.
            Бо мақсади муайян намудани таваққуфгоҳҳо дар марказҳои  савдои  пойтахт мо яке аз ин нуқтаҳо-маркази савдои “Садбарг”-ро мавриди таҳқиқ  қарор додем. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар маркази савдои мазкур барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳ  умуман  вуҷуд  надорад. Чунин ҳолат ба он оварда расонидааст, ки тартиби воситаҳои нақлиёт дар ин нуқтаи фурӯш  риоя нашуда,  ронандагон  ҳар гунае, ки хоҳанд, нақлиёти худро дар саҳни фурӯшгоҳ ҷойгир мекунанд.  Аминҷон, як сокини пойтахт, ки  худро ҳамчун назораткунандаи тартиботи  воситаҳои  нақлиёт ва вазъи санитарии  дӯконҳои  назди  маркази  савдои “Садбарг” муаррифӣ намуд, иброз дошт, ки барои  риоя намудани тартибот аз ҷониби ронандагон дар ин мавзеъ ҳамарӯза назорат бурда мешавад.  Ба гуфтаи мавсуф қисмати зиёди нақлиёти назди дӯконҳо пеш аз ҳама ба фурӯшандагони  ин  дӯконҳо  тааллуқ  дорад,  ки  ҳангоми  ба  кор омадан бо онҳо  меоянд. 
             Гарчанде ҷиҳати роҳ надодан ба танбашавӣ  дар  маркази савдои “Садбарг” аз  ҷониби  масъулин  назорат бурда мешавад ,  ҳамоно   нақлиёт дар ин мавзеъ  бетартиб  боқӣ  мондааст. Чунин ҳолат  агар аз як ҷиҳат  ба  ҳаракати озоди нақлиёт  ва  харидорон    дар ин мавзеъ  монеа   эҷод  кунад, аз ҷониби дигар он ҳусни пойтахтро  коста  мегардонад, ки ин  низ аз надоштани таваққуфгоҳ дар нуқтаи фурӯши мазкур дарак медиҳад.  Масъулини маркази савдои “Садбарг”  мегӯянд, барои  ташкили таваққуфгоҳ, ҷиҳати пешгирии танбашавӣ онҳо чораҳои  махсус дида истодаанд. Ба гуфтаи Ҷамшед Холов, муовини директори  ҶСК “Континентинвест”, ки маркази савдои “Садбарг” тобеи ҷамъияти мазкур  мебошад, ҷамъияти онҳо баҳри таъмини маркази савдо бо таваққуфгоҳ  сохтмони бинои истиқоматии 12 ошёнаро ба роҳ мондааст, ки  3 ошёнаи он  маркази савдо буда, дар қисмати  зеризаминии он таваққуфгоҳи дутабақа  дар ҳоли сохтмон  қарор дорад.  Номбурда гуфт, дар назар аст дар таваққуфгоҳи  нав  200 адад нақлиёт ҷойгир шуда, ҳамчунин дар саҳни он  боз  барои  200 адад  нақлиёти дигар   ҷой  ҷудо гашта, дар маҷмӯъ беш аз 400 адад нақлиёти маркази савдои “Садбарг” то моҳи январи соли 2015 бо таваққуфгоҳ  таъмин хоҳад гашт. Ин дар ҳолест, ки масъулини  Раёсати  Хадамоти  давлатии  назорат  ва  танзим  дар  соҳаи  нақлиёт дар шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки сохтмони таваққуфгоҳи мазкур бояд то ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом  мерасид, аммо бо сабабҳои гуногун сохтмони он  ба таъхир афтод.
           Мушкилоти  дигаре, ки имрӯз боиси танбашавии зиёд дар нуқтаи фурӯши “Садбарг” гаштааст, пеш аз ҳама  ғайриқонунӣ  қарор додани ин мавзеъ ба таваққуфгоҳи  нақлиёти  минтақавӣ  мебошад. Қудратулло ном як ронандаи самти Душанбе-Ваҳдат  дар робита  ба ин масъала иброз дошт, гарчанде медонад, ки ташкили таваққуфгоҳи минтақавӣ дар ин мавзеъ худсарона мебошад, аммо ба хотири нуқтаи серодам ва дастрас будани макони мазкур ба сокинони шаҳри Ваҳдат  онро ба таваққуфгоҳи асосии нақлиёти худ табдил додааст. Ҳангоми гузаштан аз назди  маркази савдои “Садбарг” садои баланди ронандагон бо гуфторҳои “Ваҳдат кӣ меравад, биёяд”, “ Ду нафари дигар ба Ваҳдат” ва ба ҳамин монанд ба гӯш мерасад, ки ин оромии шаҳрро халалдор сохта, таваҷҷуҳи хориҷиёнро, ки дар шафати ҳамин макон дар меҳмонхонаи “Пойтахт” ҷо мегиранд, ба худ ҷалб мекунад.  Дар  ҳамин ҳол масъулини  Раёсати  Хадамоти  давлатии  назорат  ва  танзим  дар  соҳаи  нақлиёт дар шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки барои бартараф намудани  мушкилоти  мазкур  ба ҳокимияти иҷроияи шаҳри Ваҳдат мактуб ирсол намудаанд, аммо то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Масъулин иброз доштанд, ки  нисбат ба ташкили таваққуфгоҳи нақлиёти минтақавӣ диққати махсус равона хоҳад гашт, то   масъалаи танбашавӣ дар ин макон ҳалли худро ёбад.
           Бояд зикр   кард, ки  барои  танбашавии нақлиёт дар шаҳри Душанбе  на танҳо набудани таваққуфгоҳҳо дар марказҳои савдо  боис  гаштааст, балки  набудани гузаргоҳҳои зеризаминӣ низ  омили асосӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, яке аз чунин мавзеъҳо  ҶДММ  “ Бозори Корвон ” мебошад, ки бо сабаби надоштани ҳадди ақал 4 ва ё 5  гузаргоҳи зеризаминӣ  имрӯз ба  як макони бенизоми пойтахт мубаддал гаштааст. Набудани  гузаргоҳи зеризаминӣ  дар ин нуқтаи фурӯш  боиси он гаштааст, ки анбӯҳи зиёди харидорон ва  боркашонҳо ё худ “аробакашон”  ба  роҳи  мошингузар  баромада, барои ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд.
 
Масъулини  бозори  “Корвон”  иброз доштанд, ки танбашавӣ  дар ин макон масъалаи асосиест, ки онҳоро низ нигарон кардааст. Ҳалима Мавлонова, ки директори иҷроияи  ҶДММ “Бозори Корвон” дар робита  ба ин масъала гуфт баҳри  ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди бозор  тибқи муқарароти қарори раиси шаҳри Душанбе як роҳи алоҳида сохта шудааст. Сохтмони чунин роҳ имкон медиҳад, ки нақлиёти ҷамъиятӣ тавассути он озодона вориди бозор гашта, ба танбашавӣ дучор нагардад. Дар мавриди сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар бозори “Корвон» номбурда гуфт,  чанд сол қабл  чунин тасмим ба ҳукумати шаҳр пешниҳод гашт, аммо феълан дар ин самт чизе андешида нашудааст. Ҳалима Мавлонова   иброз дошт, ки мушкилоти асосие, ки  боиси танбашавии роҳҳо дар  бозори  “Корвон” гаштааст, ин худсарона  ворид  гаштани ҳар гуна нақлиёти сабукрав ба ин  нуқтаи фурӯш мебошад, ки онро масъулини  Раёсати БДА-и  шаҳри Душанбе  бояд таҳти назорат гиранд. 
        Аммо тавре ки маълум гашт,  назорат  аз ҷониби нозирони минтақавӣ дар ин макон ҷиддӣ набудааст, зеро ба гуфтаи масъулини бозор барои танзими  ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин нуқтаи фурӯш танҳо 6 нозир вобаста шудааст, ки ин  теъдод барои пешгирии танбашавӣ дар   бозори бузургтарини шаҳр  басанда нест. Гузашта аз ин набудани гузаргоҳи зеризаминӣ дар  бозори мазкур тақозо мекунад, ки теъдоди нозирон дар ин нуқтаи фурӯш зиёдтар гардад, то  ки ҳангоми гузаштан аз як самт ба самти дигари роҳи бозор роҳгузарон барои нақлиёт мушкилот эҷод накарда, бо тартиби муайян ҳаракат кунанд. Норасоии  таваққуфгоҳро дар  бозори  “Корвон” ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ба сифати мушкилоти асосӣ ном бурданд. Аҳмадҷон Аминов, як ронандаи нақлиёти ҷамъиятии № 33 дар ҳамин ҳол гуфт, ҳангоми  фаровардан  ва ё гирифтани ягон мусофир  аз назди бозор маҷбур мешавад, то дар миёни роҳ  таваққуф кунад, зеро истгоҳ ва қисмати канории  роҳи бозор аллакай пур аз нақлиёти сабукрави харидорон, таксиҳо ва бештар фурӯшандагон гаштааст. Чунин ҳолат агар дар рӯзҳои корӣ камтар ба  назар расад, рӯзҳои истироҳат, яъне шанбе ва якшанбе мушкилоти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дучанд мегардад, мегӯяд номбурда. Ин дар ҳолест, ки масъулини бозори “Корвон” шумораи таваққуфгоҳҳоро дар ин макон 2-то арзёбӣ намуданд, ки ин шумора низ    наметавонад барои таъмини пурраи воситаҳои нақлиёти фурӯшандагон  бо  макони ист мусоидат кунад.
         Омили дигаре, ки имрӯз боиси зиёд гаштани танбашавӣ  дар роҳҳои  пойтахт гаштааст, ин васеъ набудани роҳҳои бархе аз қисматҳои  шаҳр мебошад. Фаррух Ҷалилов, сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва таъмири роҳҳои  Муассисаи давлатии раёсати сохтмон, навсозӣ ва таъмири асосии ҷории роҳҳою кӯпрукҳои  ҳудуди марзӣ-маҳаллии  шаҳри  Душанбе  дар робита ба ин  иттилоъ  дод, ки соли  2014  дар 20 иншооти пойтахт, аз ҷумла кӯчаи Соҳилӣ-марҳилаи 1,  кӯпруки хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, чорроҳаи  Борбад-Ҷомӣ, кӯчаи Умари Хайём, кӯчаи Соҳилӣ-марҳилаи 2,  кӯпруки хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, сохтмони роҳи оромгоҳи Меҳробод ва ғайраҳо корҳои сохтмон, навсозӣ ва таъмири асосӣ оғоз гардидаанд.  Номбурда иброз дошт, ки дар айни ҳол дар 13 иншоот корҳо пурра ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд ва ҳаракати бемамониати нақлиёт дар кӯчаҳои  мазкур  таъмин мебошад. 
 Дар ҳамин ҳол аз  Вазорати нақлиёти кишвар  ба  АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки ҷиҳати  васеъ кардани роҳҳо ва ҳамзамон пешгирии танбашавӣ дар пойтахт аз ҷониби  Маркази татбиқи лоиҳаҳои  таҷдиди роҳҳои Вазорати мазкур лоиҳаи  нав баҳри  барқароркунии қитъаи роҳ аз ҳайкали  Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ҳарбии шаҳри Душанбе  пешниҳод  гаштааст. Барқароркунии  қитъаи роҳ  дар ин қисмати шаҳр бо дарозии  4,6 км, паҳноии 68 метр ва ҳаракати 8-хатаи нақлиёт ва 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти мусофирбар пешбинӣ шудааст. Эраҷ  Мирзоев,  сармуҳандиси  Маркази татбиқи  лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо иброз дошт, ки дар лоиҳаи мазкур инчунин навсозии чорроҳаҳои назди ҳайкали  Сино ва шаҳраки 82 бо шаклҳои нав пешбинӣ шудааст. Сохтмони чорроҳаҳои  шакли нав дар пойтахт бори нахуст буда,  эҳтимол меравад, он бо чунин тарз сохта шавад:
 
Ба иттилои манбаъ маблағи умумии лоиҳаи мазкур мувофиқи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ  70 млн. доллари  ИМА буда, феълан аз ҷониби  Бонки  Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)  35 млн доллари  ИМА барои амалишавии лоиҳа  пешниҳод   гаштааст. Мувофиқи нақшаи  пешакӣ муҳлати корҳои сохтмонӣ  2,5  сол муайян  гардида, корҳои сохтмонӣ бояд моҳи майи соли 2015 оғоз гарданд. 
           Ёдовар  мешавем, ки  барои  пешгирии танбашавӣ  ва  танзими  ҳаракати воситаҳои  нақлиёт дар пойтахт, инчунин  камераҳои назоратӣ    насб  шудаанд,  ки  то ҳол дар ин самт  натиҷаҳои  мусбат додаанд.  Аммо  мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин камераҳои махсуси назоратӣ на дар ҳама нуқтаҳои пойтахт, ки асосан макони танбашавӣ ба шумор мераванд, насб шудаанд.
 
Мувофиқи мақсад мебуд агар  шумораи камераҳои  назоратӣ  дар  маконҳои канор аз марказ, ба мисли “Бозори  Корвон”, “Бозори  Саховат”, “Бозори Султони кабир”, маркази  савдои “Садбарг”, инчунин чорроҳаҳои  назди ҳайкали  Сино ва шаҳраки 82  бештар мешуд, зеро чунин амал метавонад кори нозиронро ҷиҳати пешгирии танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт осон гардонад. Мушкилоти дигаре, ки имрӯз бояд ҳалли худро ёбад, ин камшумор будани нозирони минтақавӣ дар нуқтаҳои  фурӯш ва чорроҳаҳои пойтахт мебошад, ки  ин масъала низ  бояд дар  мадди назари масъулин қарор гирад.
Бояд гуфт, ки  ташкили таваққуфгоҳҳо ва гузаргоҳҳои  зеризаминӣ  дар  назди  нуқтаҳои фурӯш, навсозӣ  ва  васеъкунии  роҳҳо, инчунин   назорати  ҳаракати воситаҳои  нақлиёт  аз  ҷониби  нозирони минтақавӣ  ва насби камераҳои назоратӣ воситаҳое  мебошанд, ки   барои  пешгирии  танбашавӣ  дар пойтахти мамлакат- шаҳри  Душанбе мусоидат мекунанд.  

Декабрь 17, 2014 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд