Тозагии Душанбе рисолати кист- раис, вазир, вакил ва ё… ?

Декабрь 26, 2014 10:25

Душанбе, 26.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Масъалаи дигаре, ки бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта бошад, риояи фарҳангу одоби шаҳрнишинӣ, яъне тозаву озода нигоҳ доштани хонаву маҳалли зист, иштироки фаъолонаву ғамхорона дар корҳои ободонии пойтахт ва эҳтиёт кардани ҳар як буттаву дарахти сарсабзи он, инчунин сарфаю сариштакорӣ аз ҷониби сокинони пойтахт мебошад». Ин нуктаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси танатанавӣ ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро соҳиб гардидани шаҳри Душанбе иброз намуда, ба масъулини шаҳрдорӣ дастур дода буд, ки нисбат ба ин масъала тадбирҳои муассир андешанд. Ба заҳматҳои модарони кӯчарӯб беҳурматӣ накунед! Воқеан тозаву озода нигоҳ доштани хонаву маҳали зист рисолати ҳар як сокини пойтахт ва меҳмонони он маҳсуб мешавад. Мутаассифона, мушоҳидаҳо далели онанд, ки на ҳамаи сокинони пойтахт ба тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр риоя мекунанд. Дар аксари мавридҳо шоҳиди он мегардем, ки бархе аз ноболиғону ҷавонон ва ҳатто калонсолон боқимондаҳои ҳар гуна маҳсулотро аз ошёнаҳои баланди хонаҳояшон ба поён ҳаво медиҳанд, ё ин ки пӯчоқи офтобпараст, зарфҳои обҳои нӯшокиро ба куҷое рост ояд мепартоянд, ки ин рафтори ношоистаи онҳо беҳурматӣ нисбат ба заҳмати шабонарӯзаи занони кӯчарӯб аст, ки синни аксарияташон аз 50 боло буда, аз субҳгоҳон ба тозагии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр машғуланд. Ҳол он ки дар тамоми кӯчаю хиёбонҳои пойтахт қуттиҳои махсус барои партов гузошта шудаанд. Хуб мешуд агар дар оянда теъдоди чунин қуттиҳои партовпартоӣ дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт зиёд карда мешуд. Аз амали зишти ностуфкунӣ худдорӣ намоед! Амали зишти дигаре, ки боиси ифлосии кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ва нороҳатии мардум гардидааст, туф кардан, хусусан туф кардани нос, партофтани боқимондаҳои сигор дар роҳу роҳравҳост. Чунин амалҳои нороҳаткунанда дар бисёре аз шаҳрҳои пешрафтаи дунё мушоҳида намегардад. Назар ба андешаи Заррина Саидова, ки сокини шаҳраки 82-юми пойтахт аст, чунин рафтори ношоистаи шаҳрвандон аз паст будани фарҳанги шаҳрнишинӣ, бемасъулиятӣ ва дар маҳдудаи танг қарор доштани ҷаҳонбинии онҳо дарак медиҳад. Хонум Зарина афзуд, ки шахсоне, ки бо рафтору кирдори худ ба вазъи санитарию экологии шаҳр халал ворид намуда, боиси ифлосии кӯчаю хиёбонҳо ва нороҳатии атрофиён мегарданд, бояд муҷозот шаванд, зеро вақте сокине барои рафтори ношоистааш нисбат ба муҳити атроф ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, дигарбора ӯ ба ин кор рӯ намеорад ва аз худ масъулият ҳис карда, ин рафтори вай барои дигарон намунаи ибрат мегардад. Бонувон ба гапфурӯшӣ машғул нашуда, тозагиро риоя кунед!
Тозагии шаҳр аз кӯча, тозагии кӯча аз хонадон ва тозагии хонадон аз ҳар як нафари аҳли оила, хусусан бонувон сарчашма мегирад. Мушоҳидаҳо далели онанд, ки иддае аз сокинони кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт ба тозагии атроф кам аҳамият медиҳанд. Ҳатто соҳибхоназанҳое ҳастанд, ки ҳафтаҳо ва моҳҳо гузаргоҳи дохили биноҳо ва кӯчаҳои худро, ки дар он зиндагӣ мекунанд, намерӯбанд. Шояд онҳо вақт надошта бошанд ё ба тарбияи фарзандон андармонанд, шояд. Вале мушоҳидаҳо далели онанд, ки бархе аз бонувони арҷманд бо вуҷуди оне, ки хонанишинанд, ғайр аз нишастан дар даромадгоҳи асосии биноҳои истиқоматӣ ва бо дандон донаҳои офтобпарастро шикастаю хӯрдан, ба ҷуз аз гапфурӯшию ғайбат дигар коре надоранд. Ҳол он ки рисолати ҳар зан-модар дар баробари тарбияи кӯдак инчунин бояд тозагию ободонӣ бошад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар мавсими тобистон бештари модарон бо атфоли худ шомгоҳҳон зимни сайругашт дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, хусусан Боғи Рӯдакӣ, Боғи парчами миллӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба тозагӣ чандон аҳамият надода, пасмондаҳои ҳар гуна маҳсулот, аз қабили қуттии яхмос, ҷуворимакка, пӯчоқи офтобпараст, зарфҳои обҳои нӯшокиро ба куҷое рост ояд партофта, боғҳои истроҳатиро ба партовгоҳ табдил медиҳанд. Инчунин дохили ҷӯю заҳбурҳои кӯчаю маҳаллаҳо аз ҷониби мардон ва дигар сохторҳои марбут ба тозагии пойтахт тоза карда намешавад. Дар ин самт бояд бобати тозагию ободонии пойтахт кори раисони маҳаллаю шаҳракҳо, фаъолони пойтахт ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ пурзӯр гардонида шуда, дар байни сокинон нисбат ба тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю шаҳраки худ корҳои фаҳмондаҳиро ҷоннок сохта, охири ҳар ҳафта бо мусоид будани ҳаво бо ҳузури кулли сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ҳашар гузаронида шавад.
 
Ба кӯдакон фарҳанги шаҳрнишинӣ омӯзед! — Дар масъалаи тозагию ободонӣ корҳои омӯзишию тарғиботиро бояд аз оила ва боғчаи кӯдакон оғоз намуд, -мегӯяд Бунафша Абдураҳмонова, ки мудири кӯдакистони № 72 –и ноҳияи Фирдавсии пойтахт аст. Мавсуф афзуд, ки дар боғчае, ки ӯ роҳбарияшро ба уҳда дорад, нисбат ба тозагию ободонӣ аҳамият хосса дода мешавад. Дар ҳар се моҳ доир ба фаслҳои сол, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, ғамхорона муносибат намудан бо табиат, риояи фарҳанги тозагӣ дар хона, кӯча ва атроф машғулиятҳо гузаронида мешаванд, зеро аз даврони хурдсолӣ дар шуури кӯдакон ҷо кардани меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба муҳити атроф ва Ватан аз оила ва боғчаю мактабҳо оғоз мегардад, меафзояд Бунафша Абдураҳмонова. Магар калонсолон аз порупартоӣ хиҷолат мекашанд?
Маҳал ё кӯчаю гузаре, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, як пораи Ватан буда, дӯст доштани Ватан пораи имон аст. Хусусан дар масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф нақши мактабҳо ва оиларо низ тақвият бахшидан лозим аст, зеро дар бархе мавридҳо соҳибхоназанҳо ба кӯдакони ноболиғу хурдсол супориш медиҳанд, то партови хонаро бурда ба партовгоҳ партоянд. Кӯдакон партовҳоро то партовгоҳ намебаранд, балки дар роҳравҳою кӯча, дохили заҳбуру обгузарҳои обу корезӣ ва дигар ҷойҳои номуносиб мепартоянд, ки ин рафтори онҳо боиси ифлос гардидани пойтахт ва муҳити зист гардида, аз бемасъулиятии волидайну атрофиён шаҳодат медиҳад. Инчунин сари вақт набаровардани партовҳо аз партовгоҳҳои шаҳр ва тамиз накардани онҳо омили асосии пайдоиши ҳар гуна ҳашароту магас, сагу гурба ва бемориҳои сироятӣ хусусан дар фасли гармо мегардад.
 
Афзоиши ҳаҷми партовҳо аз чист? Назар ба иттилои Толиб Раҳимов –сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, ки ниҳоди марбут ба баровардани партовҳо дар пойтахт аст, партовҳо аз биноҳои баландошёна дар се рӯз як маротиба ва аз майдончаҳои партовпартоӣ, ки дорои қуттиҳои махсусанд, ҳамарӯза бароварда мешаванд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки партовгоҳҳо на дар муддати се рӯз ва ё ҳар рӯз, балки бархе аз партовгоҳҳо ҳафтаҳо бароварда намешаванд. Расми партовгоҳе, ки ин ҷо гузоштаем, аз маркази шаҳр бардошта шуда, далели ин гуфтаҳост. Ҳамзамон сардори Раёсати марбут ба ниҳоди баровардани партовҳо афзуд, ки алҳол дар чор ноҳияи пойтахт 1 ҳазору 688 нуқтаи партовгоҳ мавҷуд буда, дар як шабонарӯз 4,5 ҳазор метри мукааб партов ба партовгоҳи умумишаҳрӣ, воқеъ дар километри 11-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат бароварда мешавад. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе реҷаи баровардани партовҳо аз ҷониби аҳолии пойтахт аз соати 17:00 то соати 23:00 ва муассисаҳои коммуналии шаҳр аз соати 23:00 то соати 4:00 субҳ муайян шудааст. Мутаассифона, ин реҷа аз ҷониби бархе сокинон ва худи сохтори марбут ба баровардани партовҳо дар пойтахт риоя намешавад. Инчунин афзоиши ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо дар шаҳр зиёд гардидааст, меафзояд Толиб Раҳимов. Танҳо ҳаҷми партовҳо дар соли 2014 дар пойтахт 43,2 % афзоиш ёфта, ки он то ҳолати 1 ноябри соли равон 204 ҳазор 231 тонна ё 1 миллиону 164 ҳазору 116 метри мукаабро ташкил медиҳад. Корхонаи коркарди партовҳо бояд бунёд кард Чӣ бояд кард, ки мушкилоти вобаста ба баровардани партов аз пойтахт роҳи ҳалли худро ёбад. Дар ин масъала роҳбари ниҳоди вобаста ба баровардани партовгоҳҳо аз пойтахт Толиб Раҳимов гуфт, ки барои аз байн бурдани мушкилии мазкур бояд дар ҷумҳурӣ корхонаи калони коркарди партов бунёд шавад. Алҳол дар пойтахт се коргоҳ (сех) фаъолият менамояд, ки он ба талабот ҷавобгӯ нест. Назар ба андешаи Т. Раҳимов дар масъалаи таъсиси корхонаи коркарди партовҳо дар пойтахт алҳол бо ширкатҳои хориҷӣ гуфтушунид идома дорад. Воқеан ташкили корхонаи калони коркарди партовҳо дар пойтахт амри зарурист, зеро таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон аз ин шаҳодат медиҳад. Таҷрибаи Амрико Дар охири қарни 19 дар Амрико ба хулосае омаданд, ки ҷамъоварии партов ва коркарди он кори судманд аст. Ин аст, ки ҳанӯз соли 1895 дар ин кишвар низоми ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо ҷорӣ гардида, бори нахуст дар ҷаҳон дар Ню-Йорк корхонаи коркарди партовҳо бунёд шуд. Дар Амрико ҳамасола қариб 230 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъоварӣ мешавад, ки ба ҳар як 1 нафар 760 кг рост меояд. Аз ин 30% коркард гардида, 15% сӯзонида шуда, 55 %-и дигараш гӯронида мешавад. Бар машом дуди хазон ояд ҳаме…  Агар дар қиёс назар ба солҳои қаблӣ сӯзонидани барги дарахтон –хазон дар мавсими тирамоҳ дар пойтахт коҳиш ёфта бошад, вале ҳанӯз ҳам сӯзонидани барги хазоншуда дар бархе аз маҳаллаю кӯчаҳои пойтахт, хусусан шабонгоҳҳо мушоҳида шуда, боиси вайрон гардидани муҳити зист ва нороҳатии сокинон мегардад. Сӯзонидани барги дарахти чинор, ки дар таркибаш газҳои заҳрогин дорад, ба саломатии инсон ва муҳити зист зараррасон аст. Барги хазонгаштаи чинорро набояд дар дохили шаҳр сӯзонанд, мегӯяд Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагон. Дар мавриди сӯзонидани барги дарахтон Толиб Раҳимов гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсияи экологӣ дар тамоми маҳаллаю кӯчаҳои пойтахт санҷиши шабонарӯзӣ гузаронида шуда, 200 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар бархе аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон барги хазонгаштаро коркард намуда, дар саноат васеъ истифода менамоянд, бахусус дар бахши мебелсозӣ. Хуб мешуд, ки дар ин масъала олимони тоҷик низ аз таҷрибаи ҳамкасбони хориҷии худ илҳом гирифта, бобати коркард ва истеҳсол намудани маҳсулот аз хазон корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом медоданд. Пойтахт ба техникаи муосири партовкашонӣ ниёз дорад Алҳол дар пойтахт ҷиҳати кашонидан ва баровардани партовҳо ба партовгоҳи умумишаҳрӣ 4 корхонаи воҳиди давлатӣ фаъолият дорад, ки онҳо худмаблағгузор буда, дорои 80 адад техникаи махсуси партовкашонианд, ки ин кам аст, мегӯяд Толиб Раҳимов-масъули бахши марбут ба баровардани партовҳо аз пойтахт. 80 адад техникаи махсуси партовкашонӣ дар пойтахт на танҳо кам аст, балки мушоҳидаҳо далели онанд, ки имрӯз пойтахт бояд дорои техникаи муосири партовкашонӣ бошад, зеро ин расм аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзан партовҳо аз пойтахт бо чунин техника бароварда мешаванд. Ҳол он ки дар берун асри 21 аст. Ва бояд шаҳрдории Душанбе техникаи муосири партовпартоиеро ворид созад, ки дорои сарпӯш буда, бӯи ғализи партов ба атроф паҳн нагардад. Ва хуб мешуд атрофи қуттиҳо ва майдончаҳои партовпартоӣ бо деворчаҳо ё худ симхорҳои махсуси пластикӣ печонида мешуд, зеро чунин деворҳо на танҳо вазъи нороҳаткунандаи партовгоҳҳоро аз назари мардум паноҳ мекарданд, балки онҳо ҳангоми холӣ кардани қуттиҳои партовпартоӣ қулай буда, ғундошта мешаванд. Ба андешаи Т. Раҳимов пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ барои 1 нафар сокини пойтахт дар 1 моҳ дар биноҳои баландошёна 2 сомонию 60 дирам ва барои ҳавлиҳо 2 сомонию 20 дирам муайян гардидааст. Барои истифодаи як мошини партовкаш, ки партовҳоро то партовгоҳи умумишаҳрӣ бурда мерасонад, 500 сомонӣ масраф мегардад, афзуд, Т. Раҳимов. Мавсуф зикр кард, ки агар дар яке аз шаҳрҳои Туркия дар як шабонарӯз се мошин партов бароранд, ин шумора дар пойтахт 148 мошинро, ки ба 45- 50 куб баробар аст, ташкил медиҳад. Номбурда яке аз омилҳои асосии бисёр гардидани партовро дар партовгоҳҳои шаҳр дар афзоиши аҳолии пойтахт ва ҳаҷми маҳсулоти якбормасраф арзёбӣ кард. Мардум бояд фарҳанги шаҳрнишиниро омӯзад
Доир ба масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани пойтахт Шодӣ Шабдолов-вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, ки дар қиёс ба 10-15 соли пеш вазъи санитарӣ дар пойтахт каме беҳтар гардидааст. Роҳбари коммунистони кишвар бар он назар аст, ки якбора пурра ҳал кардани масъалаи марбут ба тозагию ободонии пойтахт душвор аст. Ҳол он ки аз ҷониби раиси шаҳр ва дастгоҳи он ба ин масъала диққати бештар дода мешавад. Мавсуф афзуд, ки бояд бобати баланд бардоштани маърифати тозагию шаҳрнишинии сокинон дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби роҳбарону намояндагони мақомоти маҳаллӣ, вакилони шаҳрӣ, сохторҳои марбутаи пойтахт, соҳибмулкони манзил, раисони шаҳраку маҳаллаҳо гузаронида шаванд,- зеро афзуд Ш.Шабдолов, — аҳолии пойтахт аз 400 000 якбора ба зиёда аз 1 миллион расидааст ва он мардуме, ки аз деҳот ба шаҳр омада зиндагӣ мекунанд, аз фарҳангу одоби шаҳрнишинӣ огоҳ нестанд. Онҳоро бояд ба шароити шаҳр ва фарҳанги шаҳрнишинӣ мутобиқ кард. Либосҳои худро ба намоиш нагузоред!
Як одоби аз фарҳанги тоҷикӣ ва шаҳрнишинӣ берун, ки даҳсолаҳои охир дар биноҳои истиқоматии баландошёнаи пойтахт ба назар мерасад, ин дар пешайвонҳо овезон намудани кӯрпаю кӯрпача, либосу палос ва ҳатто либосҳои таҳпӯш аст. Ҳангоми суҳбат бо чанде аз бонувон, пурсидем, ки чаро либосҳои худро дар айвон овезон мекунед, бисёре аз онҳо гуфтанд, ки аз ноилоҷӣ чунин рафтор мекунанд, чунки дар ошёнаҳои баланд зиндагӣ доранд ва дилпур нестанд, то либосҳои худро ба поён фаромада, дар майдончаҳо, ки дар пушти биноҳо воқеанд, овезон намоянд. «Боз ягон беинсоф ба яғмо набарад либосҳоямонро»- нимшӯхию нимҷиддӣ мегӯяд як бону. Бояд нисбат ба ин масъала раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва соҳибмулкони манзил тадбирҳои муассир андешанд, зеро пойтахти ягон кишвари дунё чунин фарҳанги шаҳрнишинӣ надорад ва онро қабул ҳам наменамояд. Хуб мешуд бонувони азиз силсилабандҳои симинеро, ки дар бозорҳо фаровон аст, харида, минбаъд либосҳои худро баъди шустан дар он гузошта, хушк кунанд, на ин ки ба маърази тамошои мардум ва меҳмонон гузоранд. Ва онҳо набояд фаромӯш созанд, ки дар пойтахт зиндагӣ менамоянд, на дар ягон деҳаи дурдасти кӯҳистон. Душанберо тоза нигоҳ доред, зеро пойтахт аст
Масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе, ки муаррифгари симои миллӣ ва фарҳанги тоҷикон ва ҳамзамон маркази сиёсию маъмурии кишварамон маҳсуб меёбад, бояд дар маркази таваҷҷуҳи на танҳо шаҳрдорӣ ва сокинони он, балки роҳбарону масъулини вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳое, ки дар шаҳр воқеанд, қарор дошта бошад, зеро расмҳо далели онанд, ки дар шафати вазорату идораҳо ва муассисаҳои дар пойтахт қарор дошта, партовҳо ҷамъ гардида, муддатҳо боз тоза карда нашудаанд. Имрӯз фурсати он расидааст, ки дар радифи шаҳрдории пойтахт ва сохторҳои марбутаи он, инчунин роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳо ҳар пагоҳ, ки ба кор меоянд, ба атрофи вазорату идорае, ки дар он роҳбарӣ мекунанд, ақаллан боре аз дохили мошинҳои сиёҳшиша нигоҳ кунанд, фаромада, давр зада бинанд, ки вазъи тозагию беҳдоштӣ дар атрофи бинои идораашон дар кадом ҳолат аст. Ва ё худ боре ҳам мушоҳида накардаем, ки раисе, вазире, вакиле, ки намояндагони мардуманд, хуллас шахсони мансабдор дар доираи баргузории чорабиниҳои тозагию ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар пойтахт (хусусан 900 рӯзи ободонӣ) ба бар либоси оддии корӣ намуда, дар баробари кормандони қаторӣ ва сокинони одӣ дар тозагию ободонӣ ва сарзабзу хуррам гардонидани атрофи идораю корхона ва муаасисаҳое, ки ба он роҳбарӣ менамоянд, саҳм гузошта, ниҳоле шинонанд ё бехи дарахтеро нарм намоянд, то барои атрофиён намунаи ибрат гарданд. Душанберо бояд аз сокини одии он то вазиру раису вакил хонаи умеди худ донанд ва дар тозагию ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани Душанбе – ин шаҳри орзуҳо саҳми шоиста гузоранд, чунки дар он зиндагӣ мекунанд, аз ҳавояш нафас мегиранд ва ба камол мерасанд. Ва аз ҳама муҳимаш Душанбе пойтахти давлатест, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойгир шудаву арзи 39-уми сайёраи замин онро убур менамояд. Аз ин рӯ пойтахтро, ки гаҳвораи давлати ҷавони тоҷикон аст, бояд тозаю озода нигоҳ дошт, то оламиён ба он бо ангушти ҳайрат назар намоянд.

Декабрь 26, 2014 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд