Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» дар таҳрири нав

Январь 15, 2015 11:20

Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз рӯи масъалаи «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам ва вакили Маҷлиси намояндагон Абдураҳмон Хонов дар назди вакилони мардумй сухан гуфтанд. Онҳо иброз намуданд, ки ба вазифаи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва на камтар аз се сол собиқаи кори касбӣ дошта бошад, таъйин  мешавад. Зикр шуд, ки низомномаи комиссияи аттестатсионии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Лутфилло Саидмуродов, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов ва вакили Мачлиси намояндагон Муҳиддин Кабирй зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» таъкид карданд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ, ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ“, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 ва “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 мавриди амал қарор доранд ва зарурияти мутобиқ гардонидани муқаррароти ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника мувофиқи мақсад мебошад. 
Имрӯз неруи илмии кишвар дар 87 муассисаи илмӣ, аз ҷумла дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ муттаҳид шудааст, вале то ҳол ҳамгироии самараноки илми академӣ ва донишгоҳӣ дар мамлакат мушоҳида намешавад. Бинобар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» дар таҳрири нав таҳия гардида, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ, илмию техникиро муайян намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвият бахшидан ба дастгирии давлатии илм ва аз байн бурдани номувофиқатӣ ва такмили меъёрҳои он, ҳамчунин фароҳам овардани заминаи меъёрии комили ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди соҳаи илм мусоидат менамояд.
 
 

Январь 15, 2015 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад