Афзоиши теъдоди вайронкунии қоидаҳои роҳ
Хуҷанд, 12.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар дар соли 2014 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт майли афзоиши теъдоди қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз ҷониби масъулини шуъбаи мазкур ва сохторҳои поёнии он соли 2014 — 359 ҳазору 479 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор шуд, ки ин нишондод аз давраи соли пешин 4,4% зиёд аст.
Хосатан қоидавайронкуниҳое, чун идораи мошин бе шаҳодатномаи ронандагӣ — 5,9%; бе аломатҳои қайди давлатӣ — 6,5%; истифодаи воситаи нақлиёт бе иҷозат бо шишаҳои сиёҳкарда — 38,7%; қоидаҳои мусофиркашонӣ — 39,8%; баланд намудани меъёри суръати ҳаракат — 2,2% ва ғайра афзоиш ёфтаанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






