ДМИТ: ҷараёни таҳсил дар 30 ихтисос тибқи низоми кредитист
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ Ховар, Раъно Нусратуллозода).-Тибқи нақшаи гузариши давра ба давраи ихтисосҳои донишкада ба низоми кредитии таҳсилот то имрӯз дар 6 факулта ҷараёни таълим аз рӯи 30 ихтисос тибқи низоми кредитии таҳсилот амалӣ мегардад. Ин матлабро дирӯз ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти солонаи донишка иброз дошт.
А.Солиев гуфт, ки натиҷаи самаранокии таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯёни таҳсили шуъбаи ғоибона ва рӯзонаи донишкада дар соли 2014 аз рӯи баҳои ҳимояи ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ нишон медиҳад, ки азхудкунӣ дар таҷрибаомӯзӣ 99,8 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли 2013 дар соли 2014 9 фоиз зиёд шудааст, ки ин шаҳодати бастани шартномаҳо бо ташкилоту муассисаҳо ва сари вақт гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо ва мавҷудияти маводи методӣ оид ба таҳияи ҳисобот ва ҳимояи онҳо ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмӯъ, тибқи тақсимоти мутахассисони ҷавони соли 2014 ба 156 нафар бо роҳхатҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи кор тақсим гардид.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар ду соли охир гурӯҳҳои буҷетиро ҳамагӣ 293 нафар донишҷӯ хатм карда, бо ҷойи кор таъмин шуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






