Нақши ҲХДТ дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон

Январь 3, 2015 10:15

 
Душанбе, 3.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Пас аз пош хўрдани Шўравӣ иттиҳоди солҳои 90-уми асри гузашта ихтилофи қувваҳои сиёсӣ дар дохили кишвар дар натиҷа  даргириҳои мусаллаҳона, хисороти зиёди ҷониву молӣ  ба бор овард. Дар чунин вазъият ташкил намудани як неруи бузурги сиёсӣ ва гирдиҳам овардани шаҳрвандони  баору номус ва ватандӯст тақозои замон буд. Дар ин давраи такдирсоз неруе лозим буд, ки захираҳои зеҳнӣ, қувваҳои мухолифро муттаҳид созад,истиқлолияти миллӣ ва давлатиро дифоъ карда, сулҳу салоҳ, якпорчагии кишвар ва субботу амниятро таъмин ва мардумро ба ваҳдату созандагӣ даъват  намояд. Дар муҳити хеле вазнини он рӯзҳо ҳалли ин масъаларо ягон ҳизбу ҷунбиш ё неруи дигар бар дӯш нагирифт ва фазои сиёсӣ куллан бенизом шуда буд. Бинобар ин барои  танзими  фазои сиёсӣ ва ҳифзи давлату миллат бо тавсияи Роҳбари кишвар ва  кӯшиши зиёиён моҳи сентябри соли 1993 Кумитаи тадорукотии ҳизби нав ташкил карда шуд.Моҳияти аслии он роҳнамоии сиёсии мардум  ва таъмини Вахдати миллӣ маҳсуб дониста шуданд. Яъне мақсади ҳизб дар амал татбиқ намудани марому орзуҳои мардуми тоҷик, таҳкими давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буд. Бо кӯшишҳои Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон олитарин ҳадафи ҳизб – дарёфти сулҳу субот ва оромию осоиштагии ҷомеа ба ваҳдати миллӣ  табдил ёфт, татбиқу амалӣ гаштани дигар ғояҳои ҳизб, яъне рушди иқтисодиёт, расидан ба ваҳдати умумиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри навин эътимоди халқро ба ояндаи ҲХДТ қавитар гардонид.
РаисиҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буд, ки «Стратегияи мо таъмини амнияти миллӣ, сулҳу субот, муттаҳидии миллат, рушди анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ, пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст». Дар таърихи фаъолияти ҳизб солҳои 1997–1999 аз ҳама асос буда,нақши стратегиро дар таъмини сулҳу ваҳдат бозид, зеро дар ин давра олитарин ҳадафи ҲХДТ–истиқрори сулҳу салоҳ ва оромию осоиштагии ҷомеа ба даст омадан буд. Барои таҳкими истиқлолият тақвият додани фаъолияти ин ҳизб  зарурати сиёсӣ шуд. 
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз миёни нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба муроди он бархост, ки мардуми парокандаи Тоҷикистонро аз нав ҷамъ созад, дар кишвари валангоргардида аз нав сулҳу ваҳдатро таъмин намояд ва дар замири ҳар як тоҷикистонӣ тухми умеду бовариро сабзонад.
Аъзоёи ҳизб таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имтиҳони ҷиддии таърихро таҳаммулпазирона паси cap карда, ҷиҳати татбиқи барномаи ҳизб, ки ҷавҳари аслии он аз ормонҳои халқ фароҳам омадааст, корҳои мушаххасро дар фосилаи кӯтоҳтарин анҷом доданд.
 Хушбахтона, дар бобати амалӣ намудани мақсаду мароми пешгирифтаи роҳбарияти ҳизб тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии осоиштаи мардум, мустаҳкам намуда¬ни робита бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, дӯст доштани Ватан ва амсоли чунин вазифаҳои аввалиндараҷа ва имкони мусоиди пешрафти фаъолияти минбаъдаро фароҳам месозад.
Раиси ҲХДТ, Президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ 16-уми декабри 1999 қайд карда буд, ки «Ман Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва мутаррақӣ дидан мехоҳам ва мебинам».Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз давраи куҳан то ҳазорсолаи сеюм аз худ арзишҳои бебаҳои илмию фарҳангӣ мерос мондаанд, ки онҳо то ҳол  ҳамчун арзишҳои олидараҷаи тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти худро гум накардаанд.
Баъдан, дар ҳамин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таҳкими низоми бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ ташаккул ёфт ва дар он саҳми  ҲХДТ чун як ҳизби демократӣ ва озодандеш зиёд аст. Ин фазо барои фаъолияти сиёсӣ  тамоми аҳ зоби сиёсӣ  шароити муносиб ба вуҷуд овард. Дар кишвар дар асоси Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шудаанд, раванди фаъолияти бисёрҳизбӣ ба чаҳорчӯби қонун мувофиқ гардида, қадамҳои муҳим ба сӯйи  ҷомеаи  демократӣ  ва   шаҳрвандӣ гузошта шуд.
 Албатта, яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи демократӣ мавҷудияти бисёрҳизбӣ аст, ки барои гуногунандешӣ ва роҳандозӣ  намудани амалу иродаи табақаҳои гуногуни ҷомеа замина фароҳам месозад. ҲХДТ  дар таҳкими сулҳу суботи кишвар саҳми назаррас дошта, кўшиш бар он дорад, ки  даврони сангини пур аз мушкилоту муаммоҳои сарпечидаи солҳои 1992–1993 дигар такрор нашаванд. Раиси ҲХДТ борҳо дар суханрониҳояшон қайд  мекарданд, ки ҳеҷгоҳ намегузорем, ки ваҳдати миллии  мо халалдор шавад.
Агар ба таърихи ин ҳизб дақиқтар назар андозем, он дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон таъсис ёфта ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардидааст. Дар ин бора, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барҳақ таъкид доштанд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз ин мардум як бунёдкориро мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад». 
  Барномаҳои сиёсӣ- иқтисодии ҳизб  дар асоси имкониятҳои воқеӣ ва таҳлили илмии равандҳои объективӣ мураттаб гардида, дар онҳо чизҳои тасодуфӣ ҷой надорад.Дар тамоми мавридҳои зиндагӣ қарорҳои таърихан зарурӣ пиёда карда мешаванд,  яъне ҳар як амал  аз рӯйи имкониятҳои амалӣ  сурат гирифта, ояндаи  миллатро аз таъсири манфии ҳодисаҳои тасодуфӣ эмин нигоҳ дорад. Маълум аст, ки ҳар як амал аксуламал дорад. Бинобар ин, барои амалӣ кардани ин ё он мақсад, ин ё он сиёсат муқобилияти аксуламалро бартараф кардан амали муқаррарӣ аст. Барои амалӣ намудани барномаҳои сиёсӣ ҳизб дар муборизаҳои сиёсӣ бояд фаъол буда, моҳияти аслии он таъмини ҳуқуқи тамоми тоҷикистониён, сарфи назар аз миллату маҳал,нажод ва ҷинсият мебошад.
Дар давоми соли 2014 ҳизб чорабиниҳои зиёди муҳими сиёсии баргузор намуд. Бахусус дар сатҳи ниҳоят ба¬ланд гузаронидани  чорабинии байналмилалии чаҳордаҳумин ҷаласаи Шӯрои сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар пойтахти Ватанамон ва ба имзо расидани Эъломияи Душанбе, ки Раёсати давраии онро Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯш дошт, бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, созандагиву ободкорӣ дар байни дигар давлатҳои дунё мавқеи устувор дошта, обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бо шарофати ташаббусҳои созанда ва ҷаҳду талошҳо, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлатамон ва пешвои  ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол баланд мегардад. 
Дар ҷанбаи сиёсати дохилӣ бошад, марҳала ба марҳала дар иҷрои се самти стратегии давлат аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил гардида  истодаем. Зикр кардан ба маврид  аст, ҲХДТ дар  татбиқи амалии се ҳадафи аслии стратегияи Ҳукумати мамлакат ҳаматарафа ҳимоят мекунад. Дар баробари ин, татбиқи бисёре аз барномаҳои давлатӣ низ дар заминаи барномаҳои ҲХДТ мавриди амал қарор мегиранд, ки аксари онҳо барои Тоҷикистон манфиатҳои муфид овардаанд ва дар оянда низ хоҳанд овард. Албатта, зикри ҳамаи онҳо дар як мақола амри маҳол буда, татбиқи ҳадафҳо ва маромҳои ҲХДТ-ро месозад, то ки фарогири пурраи татбиқ ва нишондодҳои онҳо бошад. 
Бояд таъкид намуд, ки дар шароити гуногунандешии  сиёсӣ ва мавҷудияти бисёрҳизбӣ масъулияти ҳизби мо, ҳамчун ҳизби аксарияти парлумонӣ дар ҷомеа бениҳоят калон аст. Маҳз ҳамин садоқат ва вафодорӣ ба ҳизб буд, ки ҲХДТ имрӯз яке аз неруҳои пешбари ҷомеа гардидааст. Мақсади аслии ҳизб саодати халқи кишвар асту бо дигар ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар доираи қонун фаъолият мекунанд, робитаи созан¬да дорад. 
Ѓайр аз ин, бояд таъкид кунем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рақобати сиёсиро дар доираи қонун амалӣ намуда, умуман ҲХДТ ҳама вақт омодааст, барои пешрафти рӯзгори мардум ва рушди Тоҷикистон бо кулли нерўҳои созандаи сиёсии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ кунад.
Ба таъкиди Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон бояд ҳизбҳои муосире таъсис дода шаванд, ки танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи сиёсӣ –парлумонӣ ва интихоботӣ ҳадафҳои худро амалӣ гардонанд. Ҳамин аст, ки имрўз мардумонро ҷонибдорӣ мекунанд ва шумораи зиёди одамон ва алалхусус, ҷавонон  сол то сол ба сафҳои он мепайванданд. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки соли ташкилшавии ҳизби ҲХДТ, яъне соли 1994 чи гуна давраи ноороме буд. Ҳоло дар бораи он ки мо ва    ҳизби мо бо чи мушкилот ва фидокориҳо ба сулҳу субот ноил гаштем, андеша рондану ҳарф задан осон аст. Ҳарчанд ки байни гурӯҳҳои даргир оташбаси муваққатӣ эълон мешуд, аммо афроде ва гурўҳҳое буданд, ки сулҳи тоҷиконро намехостанд.
 Бо вуҷуди он, роҳбарияти давлати ҷавони тоҷикон иродаи сиёсӣ нишон дода, роҳро барои гуфтушунид боз кард. Марду¬м ташнаи сулҳу субот буданд,мехостанд, ки ҳарчи зудтар дар мамлакат осоиштагию амонӣ барқарор шавад. Чашму гӯши одамон ҳамагӣ ба ҷараёни музо¬кирот нигаронда шуда буд. Хушбахтона, санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо кўшишу заҳматҳои Роҳбари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Омилҳои пирӯзии ҳизб бисёр мебошад, ки ҳарифони сиё¬сии мо даъво мекунанд, ки обрӯи ҲХДТ пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки дар раиси он Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бале, Роҳбари дав¬лати мо барои ором кардани вазъи сиёсии мамлакат, баргардондани гурезаҳо, аз буҳрони иқтисодӣ наҷот додани кишвар ва ободу зебо гардондани гӯшаву канори мамлакат корҳои бузургро анҷом додааст ва дода истодааст. Бинобар ин, дар миёни мардум обрў ва маҳбубияти хосса дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадҳои соҳибобрў ва арзандаро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо пешбарӣ мекунад, ки аксари кулли онҳо пирўзиро ба даст меоранд. Шумораи аъзои ҳизби мо ҳоло ба 250 ҳазор нафар расидааст. Сол то сол обрў ва нуфузи ҲХДТ  беш аз пеш баланд  мегардад.
Дар сафи ҲХДТ хусуан теъдоди  занон низ бисёранд. Имрӯз зан–вакил, зан–вазир, зан–аъзои Ҳукумат, зан–олим, ихтироъкор, соҳибкори муваффақ, омӯзгори ботаҷрибаю табиби ҳозиқ, муҳандису энергетик ва ғайраҳо буда, тавонистаанд нақши худро дар рушди тамоми соҳаҳо гузорад. Тӯли 20 соли фаъолият аъзои ҳизб тавонистанд, барномаи амали худро дар ҷодаи рушди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд равона сохта, на танҳо дар ҳалқаи ҳизбҳои сиёсии мамлакат, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳайсияти сиё¬сии худро мустаҳкам намоянд. 
Дар ин самт дастовардҳои имрўзаи ҳизби мо дар тамоми бахшҳои ҷомеа мушоҳида шуда истодааст, ки бори дигар фаъолияти пурзӯри ҲХДТ дар ҷомеа нишон медиҳад, ки дастовардҳои ҳизб дар раванди барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва мустаҳкам намудани мавқеи ҳизб дар ҷомеа шоҳиди ин гуфтаҳо  мебошад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҲХДТба интихоботи дар пешистодаи парлумонӣ низ дилпурона омода шуда, фарзандони арзандаи миллатро, ки  метавонанд ба халқу  миллату Ватан фидокорона хидмат намоянд, ба номзадӣ пешбарӣ намудааст. Танҳо интихоб аз ҷониби мардум сурат мегирад ва банда имони комил дорам, ки халқ гавҳаршинос аст ва ин дафъа низ, ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз хоҳанд дод.      
 
Ҳикматулло Хоҷаев,
коршиноси масоили сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ,
03.01.2015

 

Январь 3, 2015 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд