Оё истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ногузир аст?

Январь 16, 2015 10:44

Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).  Маврид ба зикр аст, ки рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи кам кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар соҳаи пардохтҳои чакана ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон такмилдиҳии инфрасохтори низоми пардохтро давом дода, бо мақсади кам кардани ҳиссаи муомилоти нақдӣ ва татбиқи технологияҳои пардохтии ҳозиразамон дар кишвар Маркази протсессингии Низоми пардохти миллии КОРТИ  МИЛЛӢ- ро созмон дод. 
Дар як нишасти хабарӣ раиси раёсати БДА «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ имрӯз зиёда аз як миллион корти бонкӣ амал мекунад ва 60%-и ҳаҷми умумии кортҳои ба муомилот баровардашуда-ин кортҳои пардохтии  Амонатбонк мебошанд. Дар ин бозори кортҳо мо пешоҳанг ҳастем. Мо иқдом гирифтаем, ки ба воситаи кортҳои бонкӣ додани қарз ва дигар хизматрасониҳои навро ба роҳ монда, шумораи муштариёни худро зиёд намоем.  
БДА «Амонатбонк» имрӯз бо 3885 корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар айни замон шумораи мизоҷоне, ки хизматрасонии онҳо тавассути кортҳои пардохтии «Амонатбонк» ба роҳ монда шудааст, ба  623 ҳазор нафар расидааст. 
Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода танҳо дар соли 2014 барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ мо 81 банкомат, 220 постерминал ва як терминали мобилӣ харид намудаем, ки зиёда аз 48 соат барои 4-5 ҳазор муштарӣ хизмат мерасонад. Барои шаҳру ноҳияҳои дурдаст гурӯҳи постерминали мобилӣ,  як-ду постерминали алоҳида харид намудем.  
Маврид ба зикр аст, ки то якуми январи соли 2015 дар 32 шаҳру ноҳия нафақагирон бо кортҳои БДА «Амонатбонк» таъмин гардиданд. Ин лоиҳа то соли 2016 давом дорад, имрӯз зиёда аз 370 ҳазор нафақагир дар ҷумҳурӣ бо кортҳои пардохтии «Амонатбонк» фаъолият дорад.  Кортҳои бонкӣ ва фардикунонии онҳо барои нафақагирон ва корхонаҳои буҷавӣ ба таври ройгон амалӣ шуда истодаанд. Бояд гуфт, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 618,9 ҳазор нафар нафақагир ҳаст.
«Мо ният дорем, ки дар соли равон ҳашт шаҳру ноҳияҳои дигар, аз ҷумла, ноҳияи Б. Ғафуров, Восеъ, Панҷакент ва  Конибодомро ба ин низоми кортӣ  гузаронем, ки дар ин ноҳияҳо теъдоди нафақагирон  зиёданд.  Танҳо дар худи ноҳияи Б. Ғафуров зиёда аз 24 ҳазор нафақагир ҳаст», — зикр кард Ҷ. Нурмаҳмадзода. 
Хотиррасон мекунем, ки  дар ҷумҳурӣ бархе аз мағозаҳои калонтарин низ ба низоми кортӣ гузаштаанд. Кормандони ин мағозаҳо аз ин тариқи хизматрасонӣ розианд ва мегӯянд, ки барои осон кардани кори онҳо ин низом қулайтар аст. 
Дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар»  корманди мағозаи «Пайкар» бо номи Юля гуфт, ки барои мо пардохт намудан бо кортҳо қулайтар аст, чунки харидорони мо аслан шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҳастанд, барои онҳо пардохт бо корт низ мувофиқтар ҳаст. Юля мегӯяд, чунин хизматрасонӣ аз тариқи кортҳо як камбудӣ дорад, ки ҳангоми маблағгузорӣ фоизи бонкҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Агар ҳамин фоизе, ки бонкҳо тавассути кортҳо мегиранд, бардошта мешуд, харидорон зиёдтар мешуданд. Ба фикри ин савдогарзан, ин низом барои мардум фоидаовар аст, пул фарсуда намешавад, дуздӣ кам мешавад ва дигар пули нақд барои гардиш лозим намешавад.     
Кормандони мағозаи ҷавоҳироти «Ақиқа» ин иқдомро дастгирӣ намекунанд, барои онҳо пули нақд мувофиқтар аст. Ба гуфти онҳо бисёре аз мизоҷони онҳо бо нархи гарон харид мекунанд ва агар бо корт маблағгузорӣ намоянд, лимит вуҷуд дорад, ки танҳо аз корт як миқдори маблағ гирифта мешаваду тамом. Дар айни замон бинобар зиёд гардидани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ шумораи терминалҳои пардохтиро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ зиёд намуда истодаанд. Дастгирии аҳолӣ ҳангоми харидорӣ намудани молу хизматрасониҳо, ки барои пардохт кортҳои пардохтии бонкиро пешниҳод менамоянд, зарур мебошад, зеро муассисаҳои савдо барои насби чунин таҷҳизот ҳавасманд мегарданд.
 Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин банкомат дар соли 2003 фаъолияти худро оғоз намуд. Аввалин кортҳои пардохтии бонкӣ ва терминалҳо барои гирифтани маблағ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998 ҳангоми ба низоми пардохтии СТБ КАРТ- и Русия дохил шудани ҶСК Агроинвестбонк пайдо гардиданд. Аввалин корти пардохтии низоми пардохтии байналмилалӣ VISA дар соли 2000 бароварда шуд.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар айни замон 14 ташкилоти қарзӣ иштирокдори Низоми пардохти миллии КОРТИ МИЛЛӢ гардид. Миқдори умумии кортҳои пардохтии баровардашуда  (дар санаи 1.10.2014 сол) 942,1 ҳазор ададро ташкил доданд, ки нисбат ба соли гузашта 41% зиёд гардидаанд. Аз ин микдор 53% кортҳои Низоми пардохти миллии КОРТИ МИЛЛӢ, 33% кортҳои пардохтии низомҳои байналмилалӣ (Visa ва  MasterCard), 14% кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ ва 0,03% кортҳои пардохтии муштарак (UnionPay-НПМ КОРТИ МИЛЛӢ) мебошанд.  Инфрасохтори   хизматрасонии   кортҳои   пардохтӣ   асосан   дар шаҳри    Душанбе   ҷалб шуд, аммо дар минтақаҳо он нисбатан камтар тараққӣ ёфтааст.  Бо мақсади дар оянда мунтазам такмил додани низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон аз болои низоми пардохти ҷумҳурӣ назорат бурда, васеъ намудани маҷмӯи нишондиҳандаҳоеро, ки барои таҳлили фаъолияти самараноки низоми ҳисоббаробаркуниҳо истифода мешаванд, дар нақша дорад. 

Январь 16, 2015 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
«КОРВОНИ ДИДОР». Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст