Санҷиши футболбози қирғиз дар дастаи «Хуҷанд»

Январь 12, 2015 10:45

Душанбе, 12.01.2015 (АМИТ «АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Муролим Ахмедов, ниммуҳофизатгари 23-сола аз Қирғизистон ба ҳайати дастаи «Хуҷанд», ки 10-уми январ омодагиро ба мавсими нав оғоз намуд, шомил гардид.
Ахмедов, ки дар мавқеи ниммуҳофизи чап бозӣ мекунад, қаблан дар клуби футболи «Алай»-и вилояти Ӯш баромад мекард. Ин бозингари 23-сола дар ҳайати мунтахаби олимпии Қирғизистон дар Бозиҳои осиёӣ-2014 дар Инчхон бозӣ кардааст. Дар мавсими соли гузшта Муролим Ахмедов дар ҳайати дастаи «Алай» дар чемпионати Қирғизистон панҷ гол зада, ба қатори беҳтарин ниммуҳофизони чемпионати Қирғизистон шомил шудааст.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, ситоди мураббиёни «Хуҷанд» ниммуҳофизатгари қирғизистониро дар мусобиқаи байналмилалии пешазмавсимии Ҷоми ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон» аз назар мегузаронад. Мусобиқа аз 13-уми январ шурӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл, ҳамдастаи Муролим Ахмедов, дарвозабони мунтахаби миллии Қирғизистон Валерий Кашубаи 30-сола низ барои санҷиш ба дастаи «Хуҷанд» омад.

Январь 12, 2015 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд