Интихобот — имтиҳони бузурги миллат
Душанбе, 28.02.2014 (АМИТ «Ховар»,).-Ҷавонон, ки неруи созанда ва ҳомиёни давлату миллатанд, дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ ҳамеша пештоз буда, инчунин дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар — интихоботи парлумонӣ, ки рўзи ба шумор мондааст, саҳми фаъол ва назарраси худро хоҳанд гузошт ва бори дигар бо ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ қудрат ва неруи хешро дар майдони сиёсӣ ва корзори интихоботӣ ба намоиш хоҳанд гузошт ва ба ҷонибдории номзадҳои арзанда овоз хоҳанд дод ва ба ин васила нақши худро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар хоҳанд гузошт.
Дар ин раванди созандаву бунёдкорона ҷавонони закию хирдманд, бо маърифати баланд ва тафаккури созандаву бунёдкорона ва ахлоқи неку пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро бо такя ба хираду таҷрибаи ниёгони сарбаландамон асри тиллоии миллати хешро бори дигар эҳё хоҳанд намуд.
Бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони худшиносу худогоҳ бо тамоми неру ва посдорӣ аз арзишҳои маънавию фарҳангӣ баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ талош хоҳанд варзид.
Бояд зикр намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар айни замон ба проблемаи глобалии ҷаҳони мутараққӣ мубаддал шудааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзудааст. Ҳамчунин дар асоси пешбиниҳои СММ то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 млн. нафар хоҳад расид. Дар Форуми иқтисодии байналмилалӣ дар соли 2012, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, коршиносон бинобар сабаби нооромиҳои дохилӣ ва байнидавлатӣ дар мамолики Шарқи Наздик ва офатҳои табиӣ таъкид намуданд, ки теъдоди муҳоҷирон дар ҷаҳон то 1 млрд. нафар афзоиш меёбад.
Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро бе раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро ин раванд айни замон ба як зуҳуроти иҷтимоии бузурге мубаддал гаштааст, ки аз он кафолати ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва амнияти кишвар вобастагии зич дорад.
Дар танзими самти муҳоҷирати меҳнатӣ бояд бо омодагии касбӣ ва сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатии кишвар диққати ҷиддӣ дод, зеро воридшавӣ ба бозори меҳнатии ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз мушкил ва рақобат дар бозори меҳнат душвортар мегардад. Ин моро водор месозад, ки имрӯз муҳоҷири меҳнатии дорои касби муайян тайёр намоем, зеро ҷаҳони имрӯза ба мутахассиси касбӣ ниёз дорад, на ба муҳоҷири мардикор. Муҳоҷири меҳнатии соҳибихтисос на танҳо ба оила ва давлати қабулкунанда даромади иқтисодӣ меорад, инчунин вай ҳамчун захираи касбӣ аз давлати будубош технологияи навтарин ва пешқадамро ба Ватан ворид месозад.
Барои бо кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори меҳнати хориҷӣ, сатҳи дониш ва тахассуси онҳо бояд ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошад.
Ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар омўзиши бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ва мамолики арабӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Сиёсатшинос Абдуллоҳи Қодирӣ








Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






