Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Манбаи барқи оянда» иштирок мекунад

Февраль 5, 2015 11:31

Душанбе,  05.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).-  3  феврал  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқот бо  ҳайати  Қазоқистон  бо  роҳбарии  комиссари  ЭКСПО — 2017 муовини аввали  вазири  корҳои  хориҷии  Қазоқистон Рапил Жошибоев  баргузор  шуд. 
Аз  ҷониби  Тоҷикистон  дар  мулоқот  вазири  рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ  Неъматулло  Ҳикматуллозода  ва  муовини  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Манзура  Рустамова  ширкат  доштанд.  Дар  ҷараёни   мулоқот  масоили  вусъат  бахшидани  ҳамкории   дуҷонибаи  тиҷоратию  иқтисодии байни  Тоҷикистону  Қазоқистон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Тавре  ки  аз  маркази  матбуоти  ПСС  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  Рапил  Жошибоев  аз  ҷараёни  омодагӣ  ба ЭКСПО — 2017  ва шартҳои  иштирогк дар  он  нақл  карда, аҳамияти   ҳамкории Тоҷикистону  Қазоқистон дар  намоишгоҳро  хотирнишон  сохт. 
Шиори  намоишгоҳ  «Манбаи  барқи  оянда»  буда  ва  он  ба  манбаҳои алтернативии барқ ва  технологияҳои  «сабз»  бахшида шудааст.  Намоишгоҳи  умумиҷаҳонӣ аз  3  июн  то  10  сентябри  соли  2017  дар  шаҳри  Остона   баргузор  шуда,  дар  он   қариб 100 кишвари  ҷаҳон  ва  10  созмони байналмилалӣ  иштирок  менамоянд. 
Намоишгоҳи  ЭКСПО — 2017 имкон  медиҳад, ки  технологияҳои  беҳтарини  сарфаи  барқи  ҷаҳон,  нақшаю  технологияҳои нави  истифодаи  манбаҳои  мавҷудаи   алтернативии  барқ аз  қабили  қувваи офтоб,  бод,  обҳои  баҳру  уқёнус  ва  чашмаҳои гарм  истифода шаванд. 
Муовини  раиси  ПСС ҶТ  М.Рустамова  изҳор  дошт, ки Тоҷикистон узви  Бюрои  байналмилалии  намоишгоҳ  буда, ҷумҳурии  мо  дар   намоишгоҳҳои  ЭКСПО — 67 (Монреал, Канада), ЭКСПО — 70 (Осака, Ҷопон), ЭКСПО — 2000 (Ганновер, ҶФО),  ЭКСПО — 2005 (Айчи, Ҷопон), ЭКСПО — 2010 (Шанхай, ҶМЧ), ва  ғайра   иштирок  кардааст.  

Февраль 5, 2015 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад