Иштироки вакили Бундестаги Олмон дар интихоботҳои Тоҷикистон
Рӯзномаи Тюринген Аллгемайне, 7 марти соли 2015
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Вакили Парлумони Олмон аз Фраксияи Иттиҳоди Ҳизби масеҳӣ-демократӣ ва Ҳизби масеҳӣ-иҷтимоии Олмон Манфред Грунд (Manfred Grund) ҳамчун нозири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон сафари хизматӣ анҷом дод. Манфред Грунд аз соли 1994 инҷониб ба сифати номзади дар интихоботҳои мустақим аз ҳавзаи интихоботии музофоти Тюрингияи Олмон дар Бундестаг фаъолият дорад. Номбурда ҳамчунин узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Олмон мебошад.
-Ҷаноби Грунд, шумо маротибаи чандум ба ҳайси нозири САҲА дар интихоботҳо иштирок мекунед?
-Шояд маротибаи даҳум бошад. Бо назардошти он ки кас рӯзи ҷумъа баъди анҷоми ҷаласаҳои Бундестаг ба маҳалли баргузории интихоботҳои ин ё он кишвар парвоз намуда, нимаи дуюми рӯзи душанбе ба Парлумон баргаштанаш лозим, ба уҳда гирифтани чунин назоратҳо кори осон нест.
-Шумо дар Тоҷикистон дар кадом маҳаллҳо ҳамчун нозир ширкат намудед?
-Ман дар маъракаҳои овоздиҳӣ участкаҳои интихоботии деҳаву маҳаллаҳои аз марказ дуртарро мавриди мушоҳида қарор додам.
-Оё Шумо дар маҳалле нақз гардидани муқаррароти интихоботро мушоҳида кардед?
-Ман тахминан аз даҳ ҳавзаи интихоботӣ дидан намуда, дар асоси як рӯйхати дарозу мукаммали муқаррароти баргузории интихоботҳо ҷараёни баргузории онҳоро санҷиш ва баҳодиҳӣ намудам. Ман ҳеҷ гуна тақаллубкорӣ ва нақзи муқаррароти овоздиҳиро пайдо накардам. Баръакс, ман мушоҳида мекардам, ки бо чӣ гуна ҷиддияти том ва ҳисси масъулиятшиносӣ шаҳрвандон маъракаҳои интихоботиро ташкил намудаанд. Он чи ки ду апаву хоҳар дар ҳузури ман ҳамзамон ба утоқи овоздиҳӣ дохил шудан мехостанд, инро ман, албатта, ба инобат нагирифтам.
-Вале интихоботро аз ҷониби САҲА зери танқид қарор гирифтанд. Ин барои нафарони дар интихоботҳо пирӯзгардида чӣ паёмадҳо дошта метавонад?
-Бубинед, интихобот ҳамчун тақаллубона арзёбӣ нагардидааст. Табиист, ки парлумони нав ҳамчун парлумони бо роҳи қонунӣ ташаккулёфта эътироф хоҳад шуд.
Ин ҷо мушкилот сари дигар масъала аст, ки дарки он барои мо душвор мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки тоҷикон солҳои 90-уми қарни гузашта ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, ки ҷароҳатҳои он то ҳол аз байн нарафтаанд. Ин кишвар бо Афғонистон 1300 километр марзи тӯлонӣ дорад. Ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки аз тариқи ин кишвар масирҳои интиқоли маводи мухаддир, яроқ ва дигар молҳои ғайриқонунӣ мегузаранд. Президенти кишвар ва ҳизби ҳукмрон кафили таъмини амнияту осудагие гардидаанд, ки аслан бо қиммати бузург ва талафоти инсонӣ дубора ба даст омадааст. Ва касоне ки ба сифати мухолиф (опозитсия) баромад кардан мехоҳанд, ҳамчун нафароне ба назар мерасанд, ки маҳз ин оромиву осудагии ба даст омадаро барбод додан мехоҳанд. Чунин вазъ, бешубҳа, барои доираҳои сиёсии ба ҳукумат мухолиф ҷиҳати ба даст овардани ҳамраъйҳову ҳаммаслакон мусоид нест. Аз ҷониби дигар, ҳизби нисбатан пурқуввати мухолиф ҳизби исломӣ мебошад.
-Оё мухолифони исломӣ зери фишор қарор гирифтанд?
-Дар ҳама участкаҳои интихоботие ки ман аз онҳо дидан кардам, аз ҳизби исломӣ нозирон дар он ҷо иштирок доштанд ва онҳо низ аз ҷониби созмондиҳандагони маъракаҳои овоздиҳӣ ҳамчун намояндагони ин ҳизб қабул ва эътироф гардида буданд. Мусаллам аст, ки фароҳам овардани имконоти фаъолият ба онҳо намегузорад, ки ҷараёнҳои исломагаро ба вуҷуд оянд.
-Оё интихоботҳои зерин ҳамчун як омили буферии ҷилавгирӣ аз ҷангҳои нави шаҳрвандӣ буда метавонанд?
-Албатта, ҳис мегардид, ки масъулони маъракаҳои интихоботӣ бо дарки масъулияти хос ва ҷиддияти том кор мекунанд. Фикр мекунам манзараҳои (рушди воқеаҳо дар) Украина низ бисёр шаҳрвандонро ба он водор мекунад, ки овози худро маҳз ба он ҳизб ва нафароне диҳанд, ки аз онҳо оромиву осудагиро интизоранд.
-Пас назоратҳои интихоботӣ чӣ муҳимияту арзише доранд, агар тамоми корҳо қабл аз баргузории маъракаи овоздиҳӣ ба сомон расонида шуда бошанд?
-Ин, албатта, як ишора ба аҳолӣ аст. Вақте мо нишон медодем, ки нисбат ба интихоботҳо дар кишвари қаторкӯҳҳои Помир бетавофут нестем, ба бархурди сипосгузоронаву миннатдоронаи одамон дучор мешудем. Ногуфта намонад, ки мо дар баробари мушоҳидаи интихобот ҳамчунин бисёр мактабу муассисаҳои таълимиеро дидем, ки хеле тозаву батартиб буда, ба мо маъқул шуданд.
-Оё шумо дар ин сафари кутоҳмуддати дувунимрӯзаи худ имкони тамошои табиати нотакрори Тоҷикистонро низ доштед?
-Мо, албатта, метавонистем дар доираи фаъолияи худ бидуни монеа аз ҷое ба дигар ҷой ҳаракат кунем. Албатта, имкон пайдо кардем, ба қуллаҳои барфпӯши чорҳазорметра назар афканем. Ин бемуболиға афсункунанда аст. Дар деҳаҳо мо огоҳ шудем, ки солҳои охир резиши барф кам гардида, мутаносибан рутубат коҳиш ёфтааст. Фикр мекунам, масъалаи тағйири иқлим дар асл ба яке аз масоили мубрами ҳаёти имрӯза мубаддал гардида истодааст.
Манбаъ:www.tribun.tj