Наврӯзпажӯҳӣ
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). Дар маҷаллаи илмию таҳлилии «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» зери равзанаи «Наврӯзпажӯҳӣ» матолиби ҷолибе доир ба ин масъала аз чоп баромад.
Дар мақолаи Иосиф Брагинский «Ҷашни баҳор — Наврӯз ва инъикоси суннатҳои бостонии фарҳанги муштараки мардумони Шарқ» Наврӯз яке аз ҷашнҳои мондагор ва рӯшаноро, ки то замони мо боқӣ мондааст, ҷашни шукуфоӣ ва баҳор номида шудааст, ки дар чанд навъ ба тоҷикон хос будани он матраҳ гардидааст. Ишора гардидааст, ки дар атрофи ин гуна ҷашнвораҳо дар фарҳанги мардум шеъру анъана барҷой мондааст, ки онро мардумшиносон тақвим номидаанд. Аз кӯдакиҳо дар муҳити кишоварзон ин сурудаҳои мардумӣ дар бораи баҳор ёдгор мондаанд.
Дар мақолаи профессор Абдуваҳҳоб Набиев «Сайри гули лола» — ҷашни мардумии тоҷикон» ишора шудааст, ки яке аз меросҳои қадимии фарҳанги халқи тоҷик «Сайри гули лола» ё худ «Сайри лола» мебошад, ки он дар бунёд эҷоди мардуми Исфара мебошад. «Сайри гули лола» пас аз кишту кори баҳорӣ дар вақти гули лола, одатан дар миёнаҳои моҳи апрел гузаронида мешавад. Тибқи шаҳодати ҳуҷҷатҳо «Сайри гули лола» бо тамошои дашту кӯҳҳои лолазор сар шуда, ҷавонон сурудҳои махсус мехонданд, мерақсанд, бадеҳагӯӣ мекунанд ва дар сайргоҳ ҷамъ омада, ҳарифона ва ё зиёфатҳо ташкил мекунанд, ҳофизони халқ, масхарабозон, симбоз ва чодирхаёлчиён ҳунарҳои худро нишон медиҳанд ва дар охир бо гӯштингирӣ тамом мешавад.
Устод Рӯзӣ Аҳмад «Маросими наврӯзӣ»-ро баррасӣ намуда, чанде аз онҳоро ба намоиш гузоштааст:
Гулгардонӣ -яке аз маросимҳоест, ки гузаронидани он вобаста бо Наврӯз ва корҳои деҳқонию бедории табиат зарур дониста мешавад. Гулгардониро халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим ба муносибати нахустин шукуфаҳо ташкил менамояд. Дар қадим гулгардонҳо калонсолон будаанд. Аммо ин маросимро ҳоло дар аксарияти маҳалҳо бачагон ва наврасон ташкил мекунанд.
Гулгардонҳо аз талу теппа ва дараю доманаҳои кӯҳ гулҳо чида, ба аҳли деҳаи худ аз поён ёфтани зимистон, фаро расидани арӯси сол-баҳор ва оғози киштукори баҳорию омадани Наврӯзи дилафрӯз мужда медиҳанд. Соҳибони хона ба дастаи гулгардонҳо, ки аз панҷ то даҳ кас мебошанд, инъомҳо медиҳанд, гулҳоро ба чашму абрӯвони худ молида, аз сиҳату саломат ба баҳори нав расидани худ шод мешаванд ва «Сабукиҳои ту аз мову вазниниҳои мо аз ту» барин суханон мегўянд.
Ҷуфтбаророн: Дигар маросиме, ки пеш аз ба киштукор шурӯъ намудани деҳқонон ва чанд рӯз пеш аз Наврӯз бо орзуи бофайзу баракат шудани ҳосили деҳқонӣ баргузор мегардид, «Ҷуфтбаророн» мебошад. Ҷуфтбаророн дар аксарияти маҳалҳо дар охири моҳи ҳут ташкил мешуд. Вақти киштро деҳқонони куҳансоли ботаҷриба муайян мекарданд. Дар водии Хингоб шахсоне, ки вақти кишти деҳқониро муайян мекарданд, «Шавгунӣ» ном доштанд. «Шавгунӣ» намояндаи Бобои Деҳқон-пири деҳқонӣ ба шумор мерафт. Ҳар як деҳқон ҳангоми ба душворӣ ва нобарорӣ гирифтор шудан аз «Шавгунӣ» мададу маслиҳат мепурсид.
Оташафрӯз. Дар ин маросим хуррамии ту аз ман, — гӯён аз болои оташ меҷаҳиданд.
«Ойини шаби чаҳоршанбесурӣ ва ҷашни арӯсӣ дар Шероз» яке аз дигар мақола дар ин робита мебошад.
Буттаафрӯзӣ: Ҳар як хонавода буттаҳои хорро пеш аз ғуруби офтоб омода карда, болои бомҳо ё pӯи ҳавлӣ зану мард пиру ҷавон гирди ҳам ҷамъ мешаванду буттаи хорро оташ мсзананд. Ҳар якеашон се маротиба аз болои буттаҳои афрӯхта мепаранд.
Фолкушоӣ: Вақте ки ҳаво торик шуд, занону духтароне, ки орзуи шавҳар кардан доранд ё ҳар нияту орзуе доранд, аз хона берун мераванд ва дар сари роҳ ва гузаргоҳи мардум меистанд ё менишинанд. Бидуни он ки каce онҳоро бишиносад, ба суханони роҳгузарон гўш мекунанд. Суханони неку бади роҳгузарон барои онҳо фол аст. Агар шахси роҳгузар аз пеши онҳо гузарад, суханони дилнишон бигўяд, он вақт он суханонро барои худ фоли нек медонанд ва агар суханони талх ва андўҳгин бигӯяд, ба муроду орзу расиданашро ғайримумкин медонистанд.
Қошуқзанӣ: Занон ва духтарони орзуманду ҳоҷатманд қошуқе бо косаи мисин бармедоранд, шабонҳангом дар кӯча ва паскӯча ба роҳ меафтанд, ҳафт хонаро шумурда, дар баробари дари ҳафтум хомӯшу ором чумчаро пай дар пай ба коса мезананд. Соҳибхона, ки бо чунин расме ошност ва медонад, ки «чумчазанон» чӣ мехоҳанд. Ширинӣ ва ё чизи дигарро аз хӯрданӣ, пул ё тухми мурғ ва монанди инҳоро дар косаи онҳо меандозанд. Дар ғайри ин сурат чумчазанон маъюсона ба хонаашон бармегарданд.
Бахткушоӣ: Ин русум, махсусан дар Теҳрон маълум аст, барои кушодани бахти духтароне, ки дар хона монда «бахтбаста» меноманд, дар шаби чаҳоршанбесурӣ корҳое мекарданд, ки ба судманд будани онҳо боварии комил доштанд..
Кӯзашиканӣ: То чандин сол пеш дар майдони арки Теҳрон нақолхоне буд, занони Теҳрон ба он ҷо мерафтанд ва кўзаи нави обнакашидаро ба болои сари худашон се бор гардонда, ба замин зада мешикастанд ва чунин мепиндоштанд, ки қазову балоеро, ки дар кўза кардаанд, бо шикастани он аз миён хоҳад рафт.
«Тақсими нуқли ҳафтмазаи чаҳоршанбесурӣ»:
Заноне, ки назру ниёзе карда буданд, дар шаби чаҳоршанбесурӣ, охири сол нуқли ҳафтмаза: писта, чормағз, бодом, тути хушк, хурмо, нахӯду кишмиш аз дӯконе харида, ба хешу табор дода мехӯрданд.
«Маросими арӯсӣ дар Шероз» низ дар иртибот бо суннату анъанаҳои мурдумӣ мебошад. Маросими арӯсӣ дар Шероз ба навбаи худ ва шуниданӣ аст. Маъмулан, ҷавоне, ки ба синни издивоҷ расида ва қасди издивоҷ дошта бошад, мавзуъро ба хонаводаи худ дар миён мениҳад. Дар ин ҷо, хонаводаи домод ё духтар муайяниро дар назар доранд, ки корашон то андозае сода аст. Дар ғайри ин сурат кафш ва кулоҳ мекунанд бо ин хона ва он хона ба «далолагӣ», ки ҳамон хостгорӣ бошад, мераванд. Баъзе вақт ҳам далолазанҳо ин корро мекунанд.
Рахтберун: Дар ин маҷлис занҳои ёрони арӯсу домод ширкат доранд, ки бад онҳо «сурӣ» мегӯянд.
Суриҳои домод хайётеро ҳамроҳ меоваранд, ки андозаи арўсро бигирад ва порчаҳоеро, ки қаблан харидаанд, ба маҷлис бибарад. Пазироӣ аз мадюнӣ ба аҳди модари арӯс аст. Зимнан модари домод ҳамроҳ бо порчаҳо миқдоре ҳадяҳое, ки дар истилоҳи маҳаллӣ бад он «гул ба замми аввал» мегӯянд, бо худ меоварад. Дар ин маҷлис занҳо доира мезананду восунак мехонанд.
Дастбӯсон: Маъмул аст, ки домод бо яке аз ду нафар аз наадиконаш ба хонаи модарзан меравад ва дасти ӯро мебӯсад ва модарзан ҳам рӯи ӯро. Ҳамчунин модарзан муваззаф аст ҳадяе ба домодаш бидиҳад.
Арӯсӣ:
Рӯзи қабл аз арӯси ҳиҷла мебинанд ва биринҷ пок мекунанд, ки ин маросим бо шодӣ ва хондани восунак ҳамроҳ аст.
Покшо (талбон).
Ҳафтае баъд аз арӯсӣ дар Шероз расм аст, ки падари арӯс, домод ва ёронашро ба шом ё наҳорӣ даъват мекунанд, ки бад-ин маросим «покшо» мегӯянд. Баъд аз падари арӯс навбат ба дигарон мерасад.
Дар мақолаи Рафиқҷон Исроилов «Расму ойинҳои миллӣ тавассути муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» ишора мегардад, ки ҳоло расму оинҳои миллӣ бо шаклу мазмунҳои хоссаи худ ва замонавӣ рушд меёбанд, ки онҳо на танҳо идҳо, балки «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ», «Камолхонӣ», «Турсунзодахонӣ», «Лоиқхонӣ» ва ғайраҳо мебошанд. Ташкили озмунҳо, вохӯриҳо ва идҳои халқӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва онро муассисаҳои фарҳангию фароғат дар фаъолияташон ҷорӣ мекунанд, хуб мешуд, ки дар доираи фолклор чун солҳои пешин дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ фестивалҳои халқӣ ташкил мекарданд.
Дар мақолаи Шаҳодат Абдураҳмонова «Рақсҳои анъанавӣ ва маросимии тоҷикон» омадааст, ки дар таърихи фарҳанги чандинасраи миллати тоҷик санъати рақс як намуди санъати инкишофёфта ва дӯстдоштаи мардум буд. Рақси мардумӣ нисбат ба дигар намудҳои ҳунари мардумӣ таъсирбахштар буда, он ҳодисаҳоро ба тамошобин ба таври воқеӣ инъикос мекунад. Рақс дурдонаи бебаҳои ҳунари мардумӣ аст ва инъикоси ҳиссиёти ботинии инсони зинда буда, дар таърихи ҳазорсолаҳои мавҷудияташ ҳаёту зиндагӣ, давру замон ва шуғли одамонро ба тасвир додааст.