ПСС: Пайванд байни Тоҷикистон ва ҷаҳони берунӣ

Март 31, 2015 11:38

Ба пешвози 55 -солагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар  Тоҷикистон 55 сол қабл — 30 марти соли 1960 бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон     ташкил шудани Палатаи савдо ва саноат нақши намоён бозид ва фаъолияти он ба рушди минбаъдаи кишвари азизамон равона гардид.
Таърихи Палата бо таърихи соҳибкории ватанӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Анъанаҳои неки дар ибтидои таъсиси Палата гузоштаи Алиқул Алиев, Ортиқбой Қурбонов ва Камол Суфиев дар ҳамкории мутақобила, сатҳи баланди рушди робитаҳои байналхалқӣ ва иқтисоди берунӣ, пешбурди ояндаи инкишофи савдо, тафаккури пешқадам тавонист фаъолияти минбаъдаи Палатаро дар мамлакат  самарабахш  гардонад.  Ёдовар шудан ниҳоят гуворост, ки дар таъсису устувории ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ ва рушди босуботи он, инчунин кадрҳои соҳибтаҷриба, ки баъзе аз онҳо имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият менамоянд, ҳиссаи муносиб гузоштанд. Аз ин рӯ, Палатаи савдо ва саноат ҳамчун ташкилоти бонуфузи ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ барои миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва берун аз он маълум аст. 
    Ҷашни имрӯза барои мо ниҳоят моҳиятан муҳим аст, зеро он ба Палата имконият медиҳад, то  дар оянда низ иқтидор, мақом ва натиҷаи дастовардҳои меҳнатии худро дар ҷомеа ба таври васеъ муаррифӣ намояд. Панҷоҳу панҷ сол барои Палата давраи муқаррарӣ нест. Ин давра аз ташаккул ва санҷиши ҷиддӣ ба сарватмандӣ бо сармояи боэътибор,  таҷрибаи пешқадам, анъанаҳои неки корӣ ва дараҷаи баланди кордонии он шаҳодат медиҳад. Ба Палата дар ин давра муяссар гардид, ки на танҳо ба фаъолияти худ мусбатан тағйирот дохил намояд, балки дар шароити нав эътибор ва мақоми худро устувор гардонад. Муносибати оқилона дар ҳалли масъалаҳои инкишофи соҳибкорӣ, васеъ намудани робитаҳои беруни иқтисодӣ ва такмили доимии  кор мусоидат кард. Ҳамаи ин исботи он аст, ки Палата дар кори ба вучуд овардани фаъолияти  пурсамар баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият муҳайё намуда  истодааст.
    Дар шароити истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноат  ҷабҳаи васеи фаъолиятро дар ҳама самти ташкилотҳои байналхалқии савдо, ҷомеаи соҳибкории ватанию сармоягузорони хориҷӣ қабул намуд ва рушд бахшид. Ҷолиби диққат аст, ки Палата на танҳо робитаҳои ташкилшудаи иқтисодӣ ва савдоро бо мамлакатҳои аъзои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил нигоҳ дошт, балки ин робитаҳоро васеъ намуд. Дар ин самт Президенти мамлакат чунин баҳо дод: «Палатаи савдо ва саноат пайвандгари соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ мебошад». Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии Президенти мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Яъне, Палата соҳиби қонуни худ гардид. Қонуни мазкур дар баробари ҳимояи манфиати Палата, инчунин соҳибкорону сармоягузоронро мепайвандад.
   Дар рушду нумӯи фаъолияти  Палата аъзои он ҳиссаи муносиб мегузоранд, аз ин рӯ, мо тавонистем бо аъзои худ барои мақсади ягона, ҳалли масъалаҳои зарурӣ, муттаҳидии қувва ва мутобиқати амалиёт дар инкишофи соҳибкорӣ муяссар гардем. Вақт собит намуд, ки Палата дар ҳама сатҳ дар якҷоягӣ бо аъзои худ, инчунин аз ҷониби  мақомоти ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ мешавад ва ин боиси эътибори баланди он мебошанд. Аҳли кормандони Палата аз ин дастгирию боварӣ ҳамеша сипосгузоранд.   
Бо мусоидати Палата аъзои он дар муҳайё намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя, ба бозори берун аз кишвар баровардани маҳсулоти ракобатпазир ҳамкорӣ мекунанд. Палата дар ҳақиқат пайвандгари ҷомеаи соҳибкорӣ ва сармоягузорон гардид. Танҳо пас аз Анҷумани панҷуми худ (2009 — 2014) Палата 8850 дархосту пешниҳодҳои корхонаву ташкилот ва соҳибкорони алоҳидаро қабул намуда, барои ба хориҷи мамлакат содир намудани молу маҳсулот расман кумак расонд.
   Ҳамкории самараноки Палата бо сохторҳои дахлдори берун аз ҷумҳурӣ боиси ёдоварист. Дар айни замон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Палатаи ҷахонӣ, Палатаи савдо ва саноати Исломӣ, Палатаи Аврупои марказӣ ва шарқӣ, аъзои Шӯрои байналхалқӣ оид ба робита бо палатаҳои мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аъзои Конгресси байналхалқии саноатчиён ва соҳибкорон, Конфедератсияи палатаҳои савдо ва саноати Уқёнуси Ором мебошад. Дар баробари ин, ҳамкории Палата бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Аврупо, Фонди ҷаҳони молиявӣ,  Фонди  рушди Оғохон, ПРООН, USAID, GIZ, ТАТСИАД, ДЕИК, ТИКА ва ғайра дар андозаи муайян мустаҳкам ва васеъ гардид. Бо мақсади дар сатҳи лозимӣ ба ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ, чун Созмони Ҳамкории Шанхай ва Бюрои Байналхалқии Намоиш муаррифӣ намудани Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ Палатаи савдо ва саноатро ваколатдор намуд ва ин вазифаи масулиятнокро Палата сарбаландона иҷро намуда истодааст. 
    Боиси ифтихор аст, ки бо заҳматҳои содиқонаи Президенти мамлакат, Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аъзо гардид. Бо шарофати ба ин созмон дохил шудани ҷумҳуриамон дар рушди минбаъдаи савдо, бахусус барои ҷомеаи соҳибкорони ватанӣ шароити мусоид муҳайё гардид. Аз воридшавӣ ба ин созмон, ки Палата дар ин самт ҳиссаи хоксоронаи худро гузошт, барои фаъолияти босуботи Палата имкониятҳои васеъ пайдо шудаанд. Инкишофи ояндаи ҳамкориҳои қобили қабули Палата бо сохторҳои мазкур  барои манфиати мамлакатамон оид ба истифодаи имкониятҳои ба мақсад мувофиқ, ҷалби сармояи боэътимод, инчунин омӯхтани таҷриба оид ба шалкҳои хоҷагидории бозорӣ имконият дод. Дар ин самт, диққати асосии Маркази Сифат, ки он дар назди Палата ва дар мақомоти минтақавии он амал мекунад, мутобиқ ба талаботи Созмон ҷиҳати  ба муҳит мувофиқ намудан равона шудааст.
Дар Паёми ҳарсолаи худ ба Парламенти мамлакат, Сарвари давлат ба зарурати васеъ намудани иқтидори содиротӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва дастгирии бахши хусусии истеҳсолӣ диққати асосӣ медиҳад. Вобаста ба ин, Палата уҳдадор аст, ки вазифаҳоро бо ҳисси баланди масъулиятнокӣ дар амал ҷорӣ карда, дар беҳтар намудани сифати молу маҳсулот ва самаранокии истеҳсолӣ мусоидат намояд. Ва яке аз механизмҳои асосии комёбиҳо дар иҷрои ин мақсад гузаштан ба Стандарти байналхалқии сифати молу маҳсулот буда, амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҷорӣ намудани системаи электронии музояда, васеъ намудани тиҷорати байни сарҳадӣ, амалӣ намудани барномаҳои тайёр кардани кадрҳои бахши соҳибкорӣ, равнақу ривоҷ додани соҳаи туризм, ташкил намудани фазои ягона дар асоси IT-технология, воридоти таҷҳизоту технологияи муосир, ҳамзамон аз тариқи лизинг, ҷалби сармояи хориҷии аз ҷониби масъулин бо дарки баланди масъулиятноки хусусан дар давраи имрӯзаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва ҳимояи манфиатҳои қонуни соҳибкорон дар қаламрави ҷумҳурӣ зарур медонем.  
   Аксар дипломатҳои хориҷӣ маводеро, ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бизнес-роҳбалади Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст, эҳтиромона «Роҳ ба Тоҷикистон» номидаанд. Он аз ҷумла ахбори иқтисодӣ оид ба захираҳои бойи табиӣ ва шароити муфиди сармоягузориро ифода менамояд.
Имрӯз Палата бо палатаҳои мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва бо хориҷи мамлакат ҳамкорӣ дорад. Дар ин самт Муроҷиати роҳбарияти Палата «Дар бораи ҳамкории самарабахш» ба 180 мамлакати дунё-аъзои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ба нишонии бештар аз ҳазор ҳамкори беруна ирсол шуд. Муроҷиати мазкур инчунин ба палатаҳои минтақавии Федератсияи Русия оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ ва ба муҳоҷират, ки он ҳалли мусбати худро пайдо кард, дастрас гардид. Имрӯз дар 23 мамлакати дунё намояндагии Палата фаъолият менамояд. 
   Дар шароити имрӯзаи муносибатҳои байналхалқӣ гузаронидани форумҳо, конфронсҳо, семинарҳо ва мизи мудаввар бо иштироки соҳибкорон ниҳоят муҳим аст ва ин чорабиниҳо бо иштироки намояндагони ҷомеа назари бузурги соҳибкорон ва тоҷиронро инъикос менамоянд ва аз ҷониби дигар дар ҳимояи манфиатҳои иқтисодии соҳибкорони ҷумҳурӣ нақши мусбат мебозанд. Палата барои рушди Арбитражи байналхалқии тиҷорат дар Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи тиҷорат», Палата низ ба Парламенти мамлакат тавсияҳои худро пешниҳод намуд ва ҳамин қонун қабул гардид. Мутобиқи пешбинӣ, дар нимаи аввали ҳамин сол дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои Арбитражи байналхалқии тиҷорат Конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад. 
     Намоишҳо ва ярмаркаҳои  аз ҷониби Палата гузаронида шуда ба сифати барномаҳои амалиёти робитаи расмӣ эътимодро даъват менамояд. Гузаронидани бештар аз 300 намоишу ярмаркаи молу маҳсулот ва бизнес-форумҳои байналхалқиву миллӣ дар ҷалби сармоягузорон ба афзун намудани имкониятҳои иқтисодии ҷумҳурӣ самара бахшид. Танҳо дар давоми солҳои 2009-2014 дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ 7900 нафар соҳибкор аз Тоҷикистон иштирок ва ҷумҳуриамонро муаррифӣ намуд.
    Намоишу ярмаркаҳо ва мубодилаи афкор, ки дар майдонҳои намоишӣ мунтазам мегузаранд, аз шаклҳои муассири ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ мебошад. Ҷумҳуриамон иштирокчии фаъоли ҳашт намоиши умумиҷаҳонии ЭКСПО  буда, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЭКСПО -2000 дар шаҳри Ганновери Германия ва дар соли 2005 дар шаҳри Айчии Япония бо иштироки фаъолонаи худ экспозитсияи Тоҷикистонро таҳти унвони «Табиати пурфайз» ба оламиён муаррифӣ намуд. Дар баробари ин, дар дигар чунин чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ баргузории ЭКСПО -2012 дар шаҳри Ёсуи Ҷумҳурии Корея, ки 104 мамлакат ва 10 ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ иштирок намуд, намоиши  дастовардҳои Тоҷикистон назаррас буд ва ҳайати гурӯҳи кории кишварро дар маросими кушодашавӣ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.  Соли 2017 он таҳти шиори «Қувваи оянда» дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мегардад. 
    Боиси ёдоварист, ки натиҷаи иштироки фаъолонаи Палата дар ташкили намоишгохҳо ва ярмаркаҳои молу маҳсулот барои кори фаъолона мустаҳкам намудани рушди иқтисодии байниминтақавӣ ва ҳамкории расмӣ аксар вақт бо баҳои баланд сазовор гашта истодааст. Аз ҷумла, мукофотҳои байналхалқии «Маърифати миллат», «Медали тиллои Резолютсияи Байналхалқии Институти таҳсилотии Амрико», «Кордони байналхалқии соли 2007», «Мактуби сипосгузорӣ»-и роҳбари шаҳри Сочии Федератсияи Русия», «Медали тиллои Федератсияи сулҳ ва ваҳдати Точикистон», «Ифтихорномаи Кумитаи ичроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Лауретаи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Федератсияи Русия» ба шумор меравад.  
    Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон қариб 700 ташкилоти бонуфуз, корхонаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, намояндагони бизнеси хурду миёна ва бузургро муттаҳид менамояд. Дар фаъолияти истеҳсоливу тиҷоратии онҳо суръату сифати инкишофи иқтисодӣ ва татбиқи технологияи истеҳсолӣ нақши муҳим мебозад. Дар раванди он мутобиқи нақшаҳои муосири пешбинишуда дархосту тавсияҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва дар амалӣ намудани «Барномаи Анҷумани шашуми Палата барои солҳои 2013-2018» қабул намуда, дар истифодаи имкониятҳо оид ба дастгирии рушди соҳибкорӣ, мусоидат намудан ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, васеъ намудани робита бо шарикони ҳориҷӣ ва ғайра мақоми муҳим мебозад. Боиси сарафрозист, ки Президенти мамлакат солҳои 2014-2020- ро давраи дастгирии васеи соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат номида, 14 октябрро ҳамасола «Рӯзи сохибкор» эълон намудааст.  Вобаста ба ин, пеш аз ҳама молистеҳсолкунандагон дастгирӣ карда мешаванд, то ки аз имкониятҳои нав, ки Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муайян кардааст, оқилона истифода баранд. Ин имкониятҳо ба пешбурди рамзи «Истеҳсоли Тоҷикистон»  (Made in Tajikistan) мусоидат мекунад ва ҳамаи ин мову шуморо водор менамояд, ки минбаъд низ кори худро муташаккилона идома диҳем. 
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ таҳти «Пешбурди соҳибкорӣ-2015» Тоҷикистон маротибаи сеюм ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари олам шомил гардидааст ва дар байни 189 мамлакати ҷаҳон ба Шаҳодатномаи «Беҳтарин мамлакати ислоҳотгар» сазовор гардонида шуд.
Бовар дорам, ки мақсаду мароми якҷояи мо  таҷрибаи вохӯриҳои кориро бо намояндагони доираҳои соҳибкории давлатҳои хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ давом дода, дастгирии соҳибкории хурду миёнаро дар кишвар дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мемонем.
 
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо 
ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 

Март 31, 2015 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид