Ҳамадонӣ: Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ифтихор аст

Апрель 7, 2015 15:16

Ҳамадонӣ, 7.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо оғози маъракаи даъвати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба комисариати ҳарбии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ шумораи зиёди ихтиёриён ҳозир гардиданд. 
Ба қавли  Нураҳмад Қурбонов, комиссари ҳарбии ноҳия ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбӣ ҷамъомади бошукӯҳ доир гардида, дар он раиси комиссияи даъват, муовини раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст ва сарбозони қисми низомии 21-33 ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода даъватшавандагон ва волидайни онҳоро табрик гуфтанд. 
Бояд гуфт, ки дар рӯзи аввали даъват 40 нафар ҷавон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд. Чорабиниҳои ташкилнамудаи комисариати ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо шуъбаи маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин самт самараи хуб бахшидаанд. 

Апрель 7, 2015 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд