Ҳавлирӯби беҳтарин дар «Хоҷа -обигарм» истироҳат мекунад

Апрель 20, 2015 11:32

              Душанбе, 20.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳалима Муродова беҳтарин ҳавлирӯби пойтахт эълон гардида, ба вай шаҳрдории Душанбе дар маросими таҷлили Рӯзи пойтахт диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа обигарм»-ро тақдим намудааст. Ҳалима Муродова корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт мебошад.
        Инчунин тибқи ҷамъбасти озмунҳои шаҳрӣ «Кооперативи соҳибмулкони манзили Парвоз»-и ноҳияи Шоҳмансур беҳтарин коперативи  соҳибмулкони манзил ва бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Матросов, гузаргоҳи 4,хонаи 31,   беҳтарин манзил дар пойтахт арзёбӣ гардида,  ба онҳо диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ тақдим шуд.
 

Апрель 20, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд