370 манзили зист зери об монд

Апрель 21, 2015 11:12

 
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Тӯли  чанд рӯз аст, ки дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин бориши  борони пай дар пай ва сардии ҳаво ҳукмфармост. Бар асари боронрезиҳои ҳамвора сатҳи оби рӯду наҳрҳо боло рафта, ба минтақаҳои аҳолинишин маҷро гирифт. Дар пайи ин офати табиӣ 24 нафар  бедарак гардида, садҳо нафари дигар хисороти зиёд диданд. Гуфта мешавад, ки сатҳи об дар баъзе минтақаҳо қариб ба 2 метр мерасад. Тибқи иттилои сарчашма 370 манзили зисти сокинон ва дигар иншооти маъмурӣ пурра зери об монд. 
 
 Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» 95 километр дуртар аз шаҳри Киркук дар нуқтаи маъмурии аҳолинишини Заб 24 шаҳрванди Ироқро ба қатл расониданд. Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир саркардаҳои ин гурӯҳи ифротгаро аз ҷараёни қатлу куштори асирон наворҳои мудҳиш интишор медиҳанд, то дар дили мардум тарсу ҳаросро ҷо кунанд. 
 
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар яке аз биноҳои истиқоматии сеошёнаи пойтахти Канада-шаҳри Оттава сӯхтори шадид ба амал омад. Мувофиқи маълумоти расида, оташсӯзӣ дар як муддати кӯтоҳ 40 хонаи зисти сокинонро ба коми худ фурӯ кашид. Ҳукуматдорон дар айни ҳол ба зарардидагон  дар бинои коллеҷи Алгонкин, ки дар наздикии макони ҳодиса воқеъ мебошад, сарпаноҳи муваққатӣ муҳайё намуданд. Мутахассисони соҳаи мазкур баъди бартараф намудани сӯхтор сабабҳои сар задани ҳодиса ва ҳаҷми хисороти расидаро  муайян мекунанд.
 
     Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Бозрасии давлатии автомобилӣ Русия  дар яке аз роҳҳои мошингарди пойтахти Федератсияи Русия-  шаҳри Маскав садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ омада, дар ҷои ҳодиса   2 нафар ба ҳалокат расида, 2 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарии беморхона гардиданд. Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур  дар минтақаҳои ҷанубу шарқии кищвар ба амал омад. Бо мақсади муайян намудани сабабҳои дақиқи садама кормандони ниҳоди дахлдор тафтиш мебаранд.

Апрель 21, 2015 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид