Бозиҳои мунтахаби Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Душанбе муайян шуд
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон замони оғози бозиҳои мунтахаби футболи кишварро дар даври дувуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон- 2018, ки дар майдони худ анҷом медиҳад, маълум кард.
Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон- 2018, ки 14- уми апрел дар пойтахти Малайзия — Куала-Лумпур баргузор шуд, тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.
Марҳилаи интихобӣ барои мунтахаби Тоҷикистон 11- уми июни соли равон дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо бозӣ муқобили тими миллии Урдун соати 20:00 шурӯъ хоҳад шуд.
Бозии дувуми футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтахаби Австралия, барандаи феълии Ҷоми Осиё, 8- уми сентябр соати 18:00 оғоз меёбад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12- уми ноябр дар майдони худ бо тими миллии Бангладеш соати 17:00 вориди рақобат мешавад.
Ниҳоят, бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ 29- уми марти соли 2016 бо тими миллии Қирғизистон дар Душанбе соати 18:00 барпо мегардад.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






