“Диёри Душанбе” дари худро дар Рӯзи пойтахт боз мекунад

Апрель 17, 2015 16:05

Душанбе, 17.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Фардо ба ифтихори таҷлили Рӯзи пойтахт дар Душанбе силсилаи иншоотҳои ҷашнӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ сохта шудаанд, ба истифода дода мешавад. Яке аз чунин иншоотҳои наву замонавӣ бинои истиқоматии №1 ва бинои маъмурии №1 дар маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва савдою манзилӣ, вокеъ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев, ки бо номи “Диёри Душанбе” маъмул аст, ба ҳисоб меравад. Назар ба иттилои Шавкат Саидов-сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ин биноҳо дар шаҳраки “Диёри Душанбе”  аз ҷониби ширкати  «Қатари Диар Реал Истейт Инвестмент Компани-Тоҷикистон» бунёд шудаанд. 
   Инчунин дар ин рӯз  ду бинои истиқоматии 12 ошёна  дар кӯчаи Рӯдакӣ,10, як бинои нӯҳошёна дар кӯчаҳои Б. Ғафуров, Р. Набиев 44/1 ва шаҳраки 103, якчанд бинои панҷошёна дар кӯчаҳои Шестапавлов, Набиев ва Айнӣ ба истифода дода мешаванд. 
        Дар маҷмӯъ шаҳрдорӣ дар санаи таҷлили  Рӯзи пойтахт ҳудуди  15 иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад, ки фармоишгарони онҳо ҶСК «Континент-Инвест»,  ҶДММ «Султони Кабир», ҶСП «Мавр» ва дигар соҳибкорони  ватанианд. 
 
 

Апрель 17, 2015 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд