Хатлон: 3299 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Душанбе,27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ба иттилои сардори раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Асалбӣ Дембегиева дар се моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 3299 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
«Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар семоҳаи гузашта ҷамъан 12378 ҷойи кор, аз ҷумла 6563 ҷойи кори доимӣ таъсис шуд. Ҳоло дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо 3391 ҷойи кор мавҷуд аст ва хоҳишмандон метавонанд аз рӯйи ихтисос ба кор раванд. Ҳамчунин имсол ба 691 нафари бекор ба андозаи умумии қариб 207 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шуд».- афзуд манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






