Хуҷанд: сафарбарии гурӯҳи ихтиёриён ба артиш

Апрель 2, 2015 15:20

 
Хуҷанд, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Шарифзода).-     Шурӯъ аз 1-уми апрел дар кишвар даъвати баҳорӣ ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид. Дар шаҳри Хуҷанд низ баҳри таъмини даъвати баҳорӣ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳр ситоди даъвати баҳорӣ ташкил шудааст.
Зӯҳри имрӯз  гурӯҳи аввали даъватшавандагони Хуҷандшаҳр ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иборат аз 40 нафар сафарбар шуд. 
Соли равон низ тантанаи гусели гурӯҳи аввалини нахустихтиёриён дар назди майдони Исмоили Сомонии шаҳр доир гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳр, волидайну наздикони даъватшавандагон, собиқадорони  ҷангу  меҳнат,  ҳамчунин  намояндагони  сохторҳои марбута иштирок доштанд.
Раиси  шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди ҳозирин баромад намуда, зикр  намуд, ки  хидмат  дар  сафҳои  Қувваҳои  мусаллаҳ  вазифаи  ҳар  шаҳрванди  кишвар буда, хурсандиовар аст, ки сол аз сол теъдоди  ихтиёриёне, ки  хоҳиши  адои  хидмат  дар сафҳои  Қувваҳои  мусаллаҳи  кишварро  доранд,  бамаротиб  меафзояд. Чорабинии гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ва супоридани туҳфаҳои  хотиравӣ анҷом ёфт. 
Тибқи маълумоти Ситоди шаҳрӣ оид ба даъват мувофиқи тақсимот дар даъвати баҳории имсола аз Хуҷанд 165 нафар ҷавонписар ба хизмат сафарбар хоҳад шуд. 
Бояд гуфт, ки сафарбарии гурӯҳи аввалини даъватшавандагони вилояти Суғд ба қисмҳои низомии кишвар 3 апрел дар назар гирифта шудааст. 
Хотиррасон мекунем, ки даъвати баҳорӣ аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад. 
 
 

Апрель 2, 2015 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд