Иштироки Э. Раҳмон дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об

Апрель 12, 2015 11:09

Душанбе, 12.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуд.Форуми мазкур дар маҷмааи биноҳои Экспо Кореяи шаҳри Дегу бо иштироки қариб 35 ҳазор нафар аз зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҷараён дорад.Дар даромадгоҳи бинои мазкур Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Корея хонум Пак Хин Хе истиқбол гирифт.Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин форум ба ҳайси ташаббускори асосии қабули даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” иштирок дорад. Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” аз ҷониби маҷмаи кулли Созмони милали муттаҳид барои солҳои 2005-2015 эълон гардида буд ва инак соли даҳум аст, ки ҳамаи чорабиниҳои ҷаҳонии вобаста ба об дар тамоми гӯшаю канори дунё барои татбиқи амалии нишондодҳои ҳамин ибтикор ҷараён мегиранд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об суханронӣ намуда, бори дигар таваҷҷуҳи аҳли башарро ба масъалаҳои ҳалталаби глобалӣ вобаста ба оби тозаи ошомиданӣ ҷалб намуд.Бо такя ба арзёбиҳои муътамад, аз ҷумла зикр гардид, ки “аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо хоҳад кард”.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “… самти муҳимми фаъолияти минбаъдаи мо бояд ба сӯи иқтисоди «сабз» равона карда шавад ва дар ин арса захираҳои об ба ҳайси манбаи таҷдидшавандаи нерӯи барқ бояд мавқеи арзанда дошта бошанд”.Бо таассуф зикр гардид, ки “имрӯз ҳиссаи нерӯи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии нерӯи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду бас”.Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳамбастагии «об – нерӯи барқ – озуқаворӣ» метавонад дар тавлиди нерӯи барқи аз нигоҳи экологӣ безарар, рушди иқтисоди сабз, ҳифзи покизагии табиат ва муҳити зист, пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва таъмини минтақаҳои фарох бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми намоёну муассир ва ибратбахш дошта бошад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон олимону коршиносон ва сармоягузорони ҷаҳонро ба иштирок ва саҳмгузорӣ дар истифодаи босамари захираҳои фаровони обии Тоҷикистон ба нафъи кулли мардумони минтақаи фарохи мо даъват намуда, ҳамзамон пешниҳод намуд, ки барои 10 соли пас аз соли 2015 даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.Изҳор бовар карда шуд, ки бо қабули ин ташаббус татбиқи босамари тадбирҳои дар чаҳорчӯби даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» амалишаванда идома ёфта, барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидати фаъол мекунанд.Дар фароварди суханронӣ аз иштирокдорони форум даъват карда шуд, ки дар омодасозӣ ва баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи «Об барои ҳаёт», ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷараён хоҳад дошт, иштироки фаъол намоянд.Тоҷикистон ва фаъолияти босамари дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалии онро дар соҳаи об ва энергетикаи сабз дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ҳамчунин гӯшаи кишвари мо дар намоишгоҳи форум муаррифӣ менамояд, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шудааст. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон филмҳои мустанаду лавҳаҳои телевизионӣ, мусаввараҳои дилкаш, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва намунаҳо аз обҳои мусаффо ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои кишвари зебои мо пешкаши иштирокдорони сершумори ин форуми ҷаҳонии об мегардад. Умуман тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулини Тоҷикистон ҷаҳд доранд, ки аз имконоти ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ барои муаррифии шоистаи кишвари зебоманзари мо ва сарватҳои бебаҳои табиии он ҳамаҷониба истифода баранд.

Апрель 12, 2015 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид