Изҳороти расмии ВКД ва КДАМ ҶТ

Апрель 23, 2015 14:11

Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Шаби 17 ба 18-уми апрели соли равон ашхоси номаълум ба бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №44 -и деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт даромада, гӯшаи методӣ, овезаҳо, рӯзномаҳои деворӣ, ҷадвали дарсҳоро корношоям кардаанд. Ҳамчунин харитаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷамоати мазкурро қисман оташ зада, ба омӯзгорон мактуби беимзои таҳдидомезро гузоштаанд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар ҷараёни роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ва тафтишотӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ муайян намуданд, ки дар ҳодисаи мазкур 2 нафар ноболиғ, хонандагони мактаби миёнаи №44 Раҳимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000-ум ва писарамакаш Раҳимов Хуршед Муродхоҷаевич, соли таваллудаш 1999 даст доштаанд. Бино бар нишондоди моиндари Хуршед Раҳимов — Зарифамоҳ Акрамова,  писараш мубталои бемории руҳӣ буда, тақрибан 2 сол пеш аз беэҳтиётӣ як қисми манзили зисташонро сӯзонидааст.
17-уми апрел моиндари Хуршед Раҳимов, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба меҳмонӣ калиди муассисаро ба фарзандаш медиҳад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо дари мактабро маҳкам кунад. Раҳимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бурда, ҳамроҳ бо Неъматулло Раҳимов, тақрибан соатҳои аз 23:00-24:00 ба мактаби миёнаи №44 медароянд. Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, онҳо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёҳои таълимиро оташ гиронда, роҳро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо мақсади хомӯш кардан ба болои он харитаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Хуршед ва Неъматулло онро бо пойҳояшон хомӯш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Муайян шуд, ки воқеаи дар мактаби мазкур рухдода ягон хел хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, ё ифротгароӣ надошта, танҳо дар натиҷаи хусумати шахсиву оилавии баъзе аз сокинони деҳаи мазкур ва аъмоли авбошонаи ду ноболиғ содир шудааст.  
Дар айни замон аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пурраи он давом дорад. 
Ҳамин тариқ, иттилои иғвоангезонаи Радиои Озодӣ, ки ба ҷойи инъикоси ҳақиқати воқеӣ, бештар ба ҳангоматалабию ахбори  гумроҳкунандаи ҷомеа  дар такя ба манбаъҳои «худӣ» ё сарчашмаҳои «воҳимаангез»-аш афзалият медиҳад, оид ба пӯшонидани ҷанбаи сиёсӣ ба қазияи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт тасдиқ нагардид.  

Апрель 23, 2015 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид