«Корвони саломатӣ» дар Кӯлоб

Апрель 22, 2015 11:22

Кӯлоб,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо ибтикори  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни кишвар «Корвони саломатӣ» гузаронида  мешавад, ки беҳтарин мутахассисони соҳа ба таври ройгон сокинонро ташхис менамоянд.  
Чанде пеш «Корвони саломатӣ»  бо ҷалби беш аз 20 нафар профессору духтур дар назди бинои Маркази саломатии шаҳри Кӯлоб беморонро ташхису муоина кард. 
Бино ба иттилои  Шайдулло Шарифов, корманди  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар муоинаи сокинони ин минтақа дар баробари ҷалби мутахассисон, инчунин техникаи муосири соҳавӣ низ истифода мешавад. Дар давоми 5 соат 130 нафар аз ташхиси рентгенӣ, беш аз 200 нафар ташхиси ултрасадоӣ ва 15 нафар тамогрофӣ гузаронида шуд. Ҷарроҳии бемороне, ки мувофиқи нақша дар ин рӯз муайян гардида буд, ба тарзи ройгон сурат гирифт.  

Апрель 22, 2015 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид