“Лайлӣ ва Маҷнун” боз дар саҳнаи Театри опера ва балет
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Марҳабои Азамат).- 30 апрел Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балети афсонавии “Лайлӣ ва Маҷнун”- ро манзури ҳаводорони санъат мекунад.
Тавре ки аз Театри опера ва балет хабар доданд, бастакори номӣ Сергей Баласанян барои балети “Лайлӣ ва Маҷнун”, ки дар асоси достони машҳури Низомии Ганҷавӣ офарида шудааст, оҳангҳои зебою дилнишинро офаридааст.
“Эҷодиёти Сергей Баласанян хусусияти интернатсионалӣ дошта, дар он фолклори кишварҳои мухталифи Шарқ ҳис карда мешавад.
Доираи манофеи эҷодии С.Баласанян эҷодиёти халқии Арманистону Тоҷикистон, Африқо ва Амрикои лотиниро фаро мегирад”,- зикр намуд сарбалетмейстери театр Мария Левитская.
Ба гуфтаи Мария Левитская, ҳаводорони санъат ҳангоми тамошои балети “Лайлӣ ва Маҷнун” бори дигар бо ҳунарпешагони дӯстдоштаашон Муҳаммад Аминзода, Александр Бахман, Умед Сангализода, Бахтиёр Давлатов, Комила Ҷобирова, Мавлуда Орифова ва ғайра вомехуранд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






