Либоси миллӣ мувофиқи шароити ҷуғрофӣ

Апрель 30, 2015 15:41

Душанбе, 30.04.2015.(АМИТ Ховар).-Раванди ҷаҳонишавӣ мушкилотеро дар назди ҷомеаҳо ба миён мегузорад, ки муносибати афроди ҷомеаро ба ҷаҳон ва олами атроф норавшан месозад ва коркарди низоми дурусти муносибатҳо амри воқеӣ мегардад. Махсусан ҳамзистии пайравони дину мазҳабҳои мухталиф фарҳанги таҳаммулпазириро талаб менамояд. Бино ба далелҳои оморӣ имрўз дар кураи замин 7 миллиард одамон зиндагӣ мекунанд, ки 19 дар сади онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд.Албатта, яке аз аломатҳои зоҳирие, ки мусулмононро аз пайравони дигар дину оинҳо фарқ мекунад, ин сарулибос мебошад. Шариати исломӣ бевосита ягон шакли муайян ва стандартии либоси диниро барои ҳамаи мусулмонон таъйин накардааст, балки кўшиши пўшиши нуқтаҳои муайяни баданро, ки бештар ҷанбаҳои ахлоқӣ-иффатӣ дорад, баён намудааст. Мусулмонони кишварҳои мухталиф либоси шаръиро мувофиқи минтақаи ҷуғрофӣ ва мутобиқи фарҳангҳояшон интихоб ва татбиқ намудаанд.Агар дар ислом барои мардон бадани худро аз зонувон боло то ноф пўшида нигоҳ доштан муайян гардида бошад, вале бояд иқрор шуд, ки тоҷикон ҳанўз қабл аз ислом либосҳои остинкўтоҳро намепўшиданд ва либосҳои миллии онҳо бадани онҳоро пурра мепўшонид. Ва тоҷикон мувофиқи шароити ҷуғрофӣ ва ҳаёти шаҳрнишинию кишоварзии худ либосҳои мувофиқи миллӣ доштанд, ки чеҳраи миллии онҳоро ифода мекард. Агар дар шароити гармои нимҷазираи Арабистон пайғамбар пўшидани либосҳои абрешимиро барои арабҳо манъ карда буд, ин маънои манъ будани он барои тамоми мусулмононро надошт, зеро дар ислом сухан на дар бораи сатри арабӣ, балки дар бораи пўшидани аврати бадан меравад. Дар минтақаҳои кўҳистону хунук мардум аз абрешим намудҳои гуногуни либоси миллиро тайёр ва истифода мебурданд. Дар ислом, аз ҷумла дар ояти 31 сураи «ан-Нур» сухан дар бораи сатри аврат рафтааст, на дар бораи пўшидани либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилияти араб буд ва он дар шароит ва муҳити ҷуғрофии араб барои аз чангу ғубор ва қуми биёбон ҳифз кардан бисёр қулай буд. Баъди густариши ислом ҳам муҳити ҷуғрофии араб тағйир наёфтааст ва ҳамон сатр дар шаклу муҳтавои нав ҳамчун воситаи ҳифз аз ҷангу қуми араб то имрўз боқӣ мондааст ва аслан зодаи ҳаёти воқеии табиӣ-иҷтимоии араб буд. Вале як чизро мебоист ба назар гирифт, ки сарулибос низ дар асоси шариати исломӣ вобаста ба маҳалҳо ва минтақаҳои истиқомати мусулмонон аз ҳам фарқ мекард. Лекин ҳамаи талаботи динӣ ба либос риоя мегардид. Махсусан дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ин намуд либосро ба таври ба худ хос занону модарон ба бар мекарданд, ки гўиё фарҳанги ғании тоҷикон бо омезиши табиати муҳит буд. Масалан, либосҳое, ки дар минтақаҳои Зарафшону Бадахшон, Хатлон, Рашту Ҳисор мепўшиданд, дар маҷмўъ як чиз буд ва як қисмати бузурги фарҳанги миллии мо низ ба шумор мерафт, ки ба ислом ҳеҷ ихтилоф надорад, зеро либоси миллии мо вазифаи сатри исломиро адо мекард ва мо ҳеҷ вақт сатри арабиро, ки ба шароити ҷуғрофии мо мувофиқ набуд, қабул накардаем. Ягон ниҳоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар масъалаи сатри исломӣ ҳеҷ дахолате накардааст, балки ҳукумат зидди тақлидкорона ҳамчун сатр истифода бурдани либосҳои бегона аст, ки ба анъанаҳои фарҳанги исломию миллии мо мувофиқ нестанд. Албатта, бо раванди ҷаҳонишавӣ таъсири либосҳои кишварҳои дигари исломӣ ба либосҳои миллии мо низ расида истодааст. Ва дар навбати худ мо дар як қатор кишварҳое, ки ислом дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо нақши муҳим мебозад, мушоҳида менамоем ки шаҳрвандонашон на танҳо либосҳои ба ном дизайни исломӣ, балки либосҳои ғайрисуннатии аврупоӣ низ мепўшанд.Чуноне зикр гардид, дар зери истилоҳи «ҳиҷоб» ҳамаи намуди сарулибосе, ки бадани занонро мепўшонад (тамоми бадан, ба ғайр аз рўй ва кафи дастон) фаҳмида мешавад, новобаста аз он ки ин либос чӣ рангу намуд дорад. Яъне, дар сарчашмаҳои исломӣ ба таври ошкоро омадааст, ки сарулибоси зани мусулмон кадом ҷойҳои баданро бояд бипўшонад, вале наомадааст, ки ранги ин либос бояд сиёҳ бошад. Дар сураи Аъроф, ояти 26 омадааст: «Эй фарзандони Одам, Ба таҳқиқ барои шумо либосе қарор додем, ки аврати шуморо бипўшонад ва ба шумо зинат бахшад». Пас, агар нақши либос, аз як тараф, пўшида¬ни аврат бошад, аз тарафи дигар, ба инсон зинат бахшидан аст. Барои он, ки либос барои инсон зинат бахшад, хуб аст, ки онро аз рангҳои гуногуне, ки хусусияти ҷалбкунандагӣ ва ё нафратоварӣ надошта бошанд, тайёр кунем, то ҳам барои хеш ва ҳам барои дарвеш пурман-фиат бошад. Дар тақвияти ин гуфтаҳо дар поёнтари сураи Аъроф, ояти 32 боз чунин омадааст: «Бигў: кӣ зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст, ҳаром гардонидааст?» Аз рангҳои писандида дар ислом, ки онҳо ба Пайғамбар (с) низ хушоянд буданд, рангҳои сафед ва сабз мебошанд. Чунончи аз Ибни Аббос ривоят шудааст, пайғамбар гуфтааст: «Либосҳои сафеди худро бипўшед, барои он ки онҳо аз ҷумлаи беҳтарин либосҳои шумо ба шумор мераванд ва инчунин мурдаҳои худро низ бо он (либоси сафед) кафан кунед». (Ривояти Абўдовуд ва Тирмизӣ). «Бигў: кӣ зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст, ҳаром гардонидааст?» (7:32) Дар ҷамъбасти суханони баёншуда чунин хулоса кардан мумкин аст: сарулибос набояд ҳатман сиёҳ бошад; он бояд хеле хоксорона ва боиффат бошад, то мояи кибру худнамоӣ нагардад; либоси бонувони тоҷик бояд аз мардон фарқ дошта бошад, зеро симои зан дар фарҳанги миллии мо ҳамчун рамзи поктинатӣ, зебоӣ ва покдоманӣ аст; бо назардошти шароити имрўза ва зарурати ҳифзи анъанаҳои суннатию динӣ бояд аз ҷониби тарроҳон либосҳои нави шинаму зебо барои бонувон дар шаклу намудҳои гуногун пешниҳод шаванд.Нусратулло Зокиров — сардори шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонШарофиддин Фозилов- мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2015 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад