Манъи вуруди молҳое, ки тарғибгари фарҳанги ғайранд
Душанбе, 21.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар оянда воридоти либосҳое, ки ба фарҳанги мардуми тоҷик бегона аст, ба пойтахт манъ карда шуда, ҳамзамон чунин либосҳо аз нуқтаҳои савдо барчида хоҳанд шуд. Дар ин росто раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ масъулини сохторҳои пойтахт, аз қабили Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанберо вазифадор кард, ки ҷиҳати боздошти воридшавии молу маҳсулот ва либосҳои мавриди таваҷҷуҳ ва барчидани онҳо аз нуқтаҳои савдо тадбирҳои воқеӣ андешанд.
Ин тадбири шаҳрдорӣ бо мақсади риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва ҷилавгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ дар шаҳри Душанбе, ки пойтахт аст, андешида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки қаблан атрофи масъалаи рӯ овардани духтарону занони тоҷик ба фарҳанги либоспӯшии мардумони ғайр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни Рӯзи Модар дар моҳи март изҳори нигаронӣ намуда гуфт: «Танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест».








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






