Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Вазорати мудофиа

Апрель 23, 2015 14:16

Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Масоили вобаста ба баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, тақвияти сатҳи омодагии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ин замина пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ аз талаби доимӣ ва қотеъонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор рафта, ба ин масоил аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат корҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Ҳафтаи  гузашта  дар толори Вазорати мудофиаи кишвар вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомад доир гардид. 
Сардорони раёсатҳои дахлдори Вазорати дифоъ доир ба ташкили сатҳи тайёрии ҷангии ҷузъу томҳо, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, ҷараёни даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таъмин ва беҳдошти шароитҳои рӯзмараи хизмативу маишӣ ва дигар масоили марбут ба фаъолияти соҳаҳои мухталифи ин ниҳоди қудратиро таҳлилу баррасӣ намуда, бо пешниҳоди мушаххас ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ барои таъмини амнияти давлат доимо омода бошад ва баҳри пешгириву ошкор намудани ҳар гуна қонунвайронкуниҳо, бахусус ҷиноятҳои коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар аъмоли ношоиста аз тамоми воситаҳои қонунӣ самаранок истифода намоянд.

Апрель 23, 2015 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид