Оғози корҳои мумфаршкунӣ дар Хуҷанд

Апрель 6, 2015 11:17

Хуҷанд, 6.04.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд бо фарорасии фасли баҳор ва мусоид гаштани вазъи ҳаво корҳои мумфаршкунии роҳҳо оғоз ёфтанд. Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ чанде пеш кормандони Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои ш.Хуҷанд  корҳои қирпӯш намудани роҳҳоро аз қисми шимолу ғарбии шаҳр, дар хиёбони Садриддин Айни аз назди гардиши бинои асосии таълимии ДДХ ба номи Б.Ғафуров то парки троллейбусии шаҳр, ки қариб чанд сол боз таъмир нашуда буд, оғоз  намуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” муовини раиси шаҳри Хуҷанд Мирзомуқим Очилзода иттилоъ дод, гарчанд корҳои мумфаршкунии роҳҳо дар миқёси шаҳр аз нимаи моҳи март ибтидо ёфта бошанд ҳам, вале корҳои асосии таъмир дар ин самт шурӯъ аз моҳи апрел оғоз мешаванд. Таъмиру барқарорсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ба манзури иҷрои дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавриди ободонии роҳҳои ҳудуди шаҳри иҷро мешаванд. Соли равон тибқи нақша дар шаҳри Хуҷанд таъмиру барқарорсозии ва қирпӯшкунии 100 километр роҳҳои дохилӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки бо ин мақсад аз буҷаи шаҳрӣ 1 млн сомонӣ ҷудо шуда, ҳоло 189 тонна битум  харид шудааст.
Ба гуфти манбаъ, дар соли ҷадид аз ҷумла, тибқи нақшаи таъмири мумфаршкунӣ танҳо аз ҷониби Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои Хуҷанд наздик ба 30 кӯчаи ташрифотиву маҳаллӣ ба масоҳати 35 км ба ҳисоб гирифта шуд. 
Бояд гуфт, ки дар соли 2014 дар доираи иҷрои барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» дар ҳудуди вилоят 2826,4 км роҳҳои мошингард таъмиру тармим шуд,   ин нишондод дар маркази вилоят ба 96,8 км  баробар буда, аз он дар масоҳати 43,7 км таъмири асосӣ гузаронида шудааст.  

Апрель 6, 2015 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид