Омодагии ширкатҳои сайёҳӣ ба намоишгоҳи ITB — Берлин 2015
Душанбе, 07.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои туристии кишвар ҷиҳати омодагӣ ба намоишгоҳи калонтарини туристии дунё ITB — Берлин- 2015 мулоқот кард.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни мулоқот масъалаҳои иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи калонтарини туристии дунё: ITB — Берлин, 2015 ва нақшаҳо барои соли 2016, пешниҳод кардани ҳисоботҳо, мусоидат ба ҷараёни иҷроиши нақшаи чорабиниҳои ҳукумати мамлакат оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ, иштирок дар ҷараёни навсозии сомонаи интернетии www.visittajikistan.tj, баргузории Конфронси байналмилалии туристии «Туризми Тоҷикистон: Имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ» ва Фестивали сайёҳиву фарҳангии Мероси Роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг», ки ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Инчунин раиси кумита дар чорабинӣ таҳия ва ташкили 60 хатсайри дохилӣ, эҳёи туризми мактабӣ ва рушди саёҳатҳои шаҳрӣ, фармоиши раиси кумита «Оид ба санҷиши фаъолияти субъетҳои хоҷагидори соҳаи туризм дар соли 2015» ва натиҷаи фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ дар самти хизматрасонӣ, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, гирифтани раводид ва умуман фаъолияти онҳоро ба баррасӣ гирифт.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






