«Помирсохтмон» корҷӯёнро бо кор таъмин намуд

Апрель 27, 2015 11:07

Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳафтаи гузашта Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи  Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ дар  шаҳри  Хоруғ   ярмаркаи  ҷойҳои   кориро баргузор  намуд.
Дар ярмарка зиёда аз 235 нафар  мутахассиси  соҳаҳои  сохтмону  нақлиёт ва дигар ихтисосҳои коргарӣ ҳузур дошта,  соҳиби ҷойҳои  кор гардид.
Бо  афзоиши  бунёди як  силсила иншоотҳои гуногун дар  вилоят, алалхусус  бунёди  хонаҳои   истиқоматии  баландошёна,  маҷмааи варзишӣ, беморхонаи  нав  барои  50  ҷой  таъмиру  таҷдиди  биноҳои  маъмурии  иншоотҳои  зиёд  дар  шаҳри  Хоруғ, сохтмони  як  зумра   иқтидорҳои  истеҳсолӣ, муассисаҳои   тандурустӣ, кӯпрукҳо,  роҳҳои  мошингард, биноҳои  таълимиву  маишӣ дар  аксари дигар  ноҳияҳои  вилоят,  ҳамкориҳои  дуҷониба  бо  ширкатҳои  гуногуни  Санкт-Петербурги  ФР  ҷавонони  соҳиби  ихтисосҳои  ба  талаботи  замон  ҷавобгӯ соҳиби  роҳхат ба  ҷойҳои  кор  гардиданд.
Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва  шуғли  аҳолӣ М.  Назиров  изҳор  дошт,  ки дар  ярмарка  ширкатҳои  сохтмонӣ, роҳу  пулсозӣ, идораҳои  давлатӣ ва муассисаҳо  беш  аз  300 ҷойи  кориро  пешниҳод  намуданд.
ҶДММ «Помирсохтмон» бо  баргузории  чунин  ярмарка  38  нафар  корҷӯйро  аз  рўи  ихтисосҳои  деворгар, андовачӣ, бетончӣ,  булдозчӣ, устоҳои  пластик ва ронанда ба кор қабул намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи хадамот А.Қодирӣ иттилоъ дод. 

Апрель 27, 2015 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд