Раддабандии КФО: «Истиқлол» ба Тоҷикистон имтиёз меорад

Апрель 22, 2015 15:31

Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- «Истиқлол»-и Душанбе, ки то имрӯз дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 ҳафт имтиёзро соҳиб шудааст, дар раддбандии Конфедератсияи футболи Осиё барои Тоҷикистон 2,333 хол овард.
Тавре ки федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, дар феҳристи ба наздикӣ интишоршудаи КФО Тоҷикистон соҳиби 10,389 хол мебошад. Байни 46 давлати Осиё мо зинаи 26- умро ишғол мекунем. Барои дар Лигаи чемпионҳои КФО ишғол намудани ҷой, Тоҷикистонро зарур аст, ки аз Лубнон пеш гузарад. Дар айни замон Лубнон нисбат ба Тоҷикистон 9 хол зиёдтар дорад.
Мавқеи ҳозираи Тоҷикистон дар раддабандии КФО имконият медиҳад, ки соли оянда ду клуби футболи кишвар дар Ҷоми КФО иштирок кунанд. Агар ягон тағйирот ба амал наояд, соли оянда чемпиони мо аз марҳилаи гурӯҳӣ ва барандаи Ҷоми милӣ аз даври плей- офф ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.
Ҳаминро зикр мекунем, ки раддабандии КФО шумораи ҷойҳои ҳар як ассотсиатсияро барои сабқатҳои бошгоҳии оянда — Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО муайян мекунад. Аъзои ассотсиатсияҳое, ки дар раддабандӣ зинаҳои 1- 24- ро ишғол мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки дар Лигаи чемпионҳои КФО иштирок намоянд. Аъзои ассотсиатсияҳое, ки дар раддабандӣ ҷойҳои 25-32- ро ишғол мекунанд, метавонанд дар Ҷоми КФО ду бошгоҳӣ намоянда дошта бошанд, ки чемпиони кишвар аз марҳилаи гурӯҳӣ ва барандаи Ҷоми миллӣ аз даври плей- офф баромадашонро оғоз мекунанд.
Ассотсиатсияҳое, ки дар раддабандӣ зинаҳои 33- 46- ро ишғол мекунанд, имконият доранд, ки дар сабқати ояндаи Ҷоми КФО аз марҳилаи пешакӣ бозӣ кунанд. Як дастаи ин ассотсиатсияҳо аз марҳилаи тахассусӣ ва дастаи дигараш аз марҳилаи плей- офф мусобиқаро оғоз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки раддабандии КФО дар асоси натоиҷи баромади ҳамаи клубҳои асотсиатсияҳо дар Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО барои чор мавсими охир (аз онҳо 70% ба ҳисоб гирифта мешавад) ва инчунин холҳои соҳибшудаи тимҳои мунтахаби миллӣ дар раддабандии ФИФА (30%) мураттаб гардонида мешавад. Холҳои  раддабандии бошгоҳӣ ва раддабандии тимҳои мунтахаб ҷамъ шуда, ҷамъи умумии раддабандии КФО- ро ташкил мекунанд.

Апрель 22, 2015 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид