Саҳми Тоҷикистон дар фронт ва ақибгоҳ
Душанбе, 14.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба муносибати таҷлили 70-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шариф Аҳмадов китоби нави худро таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар фронт ва ақибгоҳ» ба нашр расонд. 9 майи соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 70-солагии ғалабаи бузург ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни одилонаи халқи шӯравӣ барои озодӣ ва истиқлолияти ватани сотсиалистӣ бар зидди Германия ва иттифоқчиёни он буд. Омӯхтани таърихи ин қаҳрамониҳои бе мислу монанди ҷанговарон дар ҷабҳа бар зидди душман ва меҳнаткашон дар корзорҳои ақибгоҳ на фақат аҳамияти илмӣ, балки барои тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ аҳамияти хеле калон дорад.Китоб асосан дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми ҷанговарони Тоҷикистон дар торумори душман дар ин давра маълумот медиҳад.Мавриди зикр аст, ки Шариф Аҳмадов муаллифи зиёда аз 15 монография ва 400 номгӯй асарҳои илмӣ- назариявӣ мебошад. Ба қалами ӯ асарҳои методӣ, аз ҷумла «500 саволу ҷавоб аз таърихи дунёи қадим», «1000 саволу ҷавоб аз таърихи асарҳои миёна» , «1000 саволу ҷавоб аз таърихи нави мамлакатҳои Аврупо ва Амрико», «1300 саволу ҷавоб аз таърихи навтарини Аврупо ва Амрико», «500 саволу ҷавоб аз таърихи нави мамлакатҳои Осиё ва Африко» мансубанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






