Садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои кишвар

Апрель 11, 2015 09:13

 Душанбе, 11.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз ронандаи мошини тамғаи “KIA Gadenza ”, зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: марди 39-сола, сокини ноҳияи Шаҳринав ва марди 30-сола, сокини  шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, яке дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, пиёдагарди дигар дар беморхона бистарӣ гаштааст. Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.
Сарчашма хабар медиҳад, ки дар ин рӯз ҳамчунин ронандаи мошини тамғаи “ Damas ”, марди 52-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба мошини тамғаи “ Opel Astra ”, таҳти идораи ронандаи 26-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст. 
Дар натиҷа мусофири мошини тамғаи “ Damas ” — духтарчаи хурдсол, соли таваллудаш 2013, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
 

Апрель 11, 2015 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид