Сарбанд аввалин шуда нақшаи даъвати баҳориро иҷро кард
Душанбе, 9.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҷавонони баору номуси шаҳри Сарбанд Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи даъвати навбатии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ намуда, аксарашон азми хизмат намуданд. Натиҷаи чунин азми қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи матини онҳо буд, ки шаҳри Сарбанд дар байни 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аввалин шуда, нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи аввали даъват ба иҷро расонд.
Комиссари ҳарбии шаҳр Давлатманд Гулов зикр намуд ки : «Агар аз як ҷиҳат, омодагию азми қавии ҷавонон ба ин мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар натиҷаи хуби корҳои фаҳмондадиҳии масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳамчунин масъулиятшиносии волидайн ба ин сабаб гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони сарбандӣ имрӯз бе тарсу ҳарос бо даъвати дилу ҳукми виҷдон ба саҳни комиссариати ҳарбӣ ихтиёрӣ ҳозир шудаанд. Боиси зикр аст, ки хизмати Модар- Ватан барои ҳар як фард ҳам қарз асту ҳам фарз ва барои иҷрои қарзи фарзандӣ ҳар ҷавонписар бояд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳиссагузорӣ намояд».








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






