Шиносоии А.Иброҳим бо корхонаҳои саноатии Кӯлоб
Душанбе, 13.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Рӯзҳои 10-11 уми апрели соли равон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зимни як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо фаъолияти як зумра корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи дӯзандагии «Султони Кабир»-и ноҳияи Восеъ, корхонаҳои коркарди ширу баққолии шаҳри Кӯлоб, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва фабрикаи мурғпарварии ноҳияи Муъминобод, корхонаи тозатаъсиси ресандагии «Адолат-А» -и ноҳияи Фархор, корхонаҳои консервабарорӣ ва масолеҳи сохтмонии ноҳияи Ҳамадонӣ шинос шуд.Мақсад аз шиносоиҳо омӯхтани имкониятҳои саноатӣ, табодули назар дар самти соҳаҳои воқеии иқтисод ва самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷудаи минтақа ба шумор меравад. 11 апрел дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, муовинони сарпарасти соҳаҳои воқеии иқтисод ва доираи соҳибкорон ҷаласаи васеи кории минтақавӣ доир шуд. Дар ҷаласа ҳамзамон масъулини вазорати саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, кишоварзӣ, Агентии омор, беҳдошти замин ва обёрӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик», КВД «Хоҷагию манзилии коммуналӣ» ва Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар сатҳи муовинони вазир ва муовинони раисони агентиҳо иштирок намуданд.Муовини Сарвазир таъкид кард, ки ҷаласаи мазкур дар партави иҷрои нишондиҳандаҳои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагон маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2014 ва 2015 доир гардида, мақсади асосӣ дастгирии иқтидорҳои мавҷуда, тақвияти имконоти корхонаҳои коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва дар ин замина афзун намудани шумораи ҷойҳои нави корӣ мебошад.Тавре ки таъкид шуд, дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 984 миллион сомонӣ баробар шуда, рушди саноат дар сатҳи 125% таъмин гардид ва дар ин давра 11 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуд. Самтҳои афзалиятноки саноати минтақа- ин истеҳсоли неруи барқ, истеҳсоли тилло, коркарди маҳсулотҳои пахтагӣ ва меваю сабзавот мебошад. Новобаста аз дастовардҳо дар минтақа вазъи иқтисодӣ, хусусан соҳаи пиллапарварӣ хеле нигаронкунанда мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Восеъ ва Ховалинг аз ҳаҷми умумии истеҳсоли пилла мутаносибан 82,8%, 93,4%, 90,5% ва 82,8%-ро навъи пиллаи корношоям ташкил медиҳад, ки бо чунин нишондиҳанда рушди соҳа имконнопазир аст. Дар даврони Шуравӣ истеҳсоли матои атлас, ки пиллапарварӣ асоси рушди истеҳсоли ин матоъ мебошад дар ҳудуди Тоҷикистон 60 млн. м2-ро ташкил медод ва барои муқоиса ин нишондиҳанда дар соли 2014 баробар ба 60 ҳаз.м2 шуд. Барои рушди соҳаи пиллапарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот аз пилла ба мақомоти иҷроияи маҳалӣ дар минтақа супоришҳои қатъӣ дода шуданд.Дар соли 2014 аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои дастгирии соҳибкории миёна ва хурд барои минтақаҳо ва ноҳияҳои дурдаст тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ 63 млн. сомонӣ ҷудо гардид ва ин нишондиҳанда дар соли 2015 дар ҳаҷми 70 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар доираи маблағҳои ҷудогардида, танҳо дар шаҳри Кӯлоб 3 корхона «ҶСК Комбинати шири Кӯлоб» ширкатҳои «К-Даврон» ва «Зуҳал» фаъолияти худро тақвият бахшида, зиёда аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис доданд.Мақсади асосии ҷудо намудани маблағҳои имтиёзнок, бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳо мебошад. Тавассути ин корхонаҳо ҳаҷми асосии истеҳсоли меваҷоту сабзавоти минтақа бояд коркард гардида, иқтидори содиротии минтақа афзун гардад, чунки қисми асосии меваҷоту сабзавоти истеҳсолшаванда дар минтақаҳо бинобар сабаби набудани шароити нигоҳдорӣ аз даст меравад. Барои мисол дар ноҳияи Муъминобод танҳо 1,5-3%-и ҳаҷми меваю сабзавоти ноҳия коркард мегардад, ки ин нишондиҳандаи пасттарин мебошад.Аз таҳлилҳо бармеояд, ки соҳаи дӯзандагӣ метавонад дар оянда яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар минтақа гардад, зеро корхонаҳои дузандагӣ қариб, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мекунанд. Танҳо дар корхонаи «Султони Кабир»-и ноҳияи Восеъ 148 дастгоҳи дарздӯзӣ насб гардида, дар корхона истеҳсоли костюм ва шимҳои мактабӣ ба роҳ шудааст. Мушкилоти асосии корхона дар гарон будани арзиши маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Вобаста ба ин муовини Сарвазир дастур дод, ки ҳисоби арзиши аслии маҳсулот пешниҳод шавад ва бо мақсади бо фармоишҳои пайваста таъмин намудани фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотию таблиғотии молистеҳсолкунандагони ватанӣ бояд дуруст ба роҳ монда шаванд. Дар ин самт аллакай баъзе пешравиҳо ба назар мерасанд, аз ҷумла 19 мактаби миёнаи ноҳия барои 1890 нафар талаба фармоиши дӯхтани костюм ва шимро пешниҳод намуданд. Ин дар ҳолест, ки теъдоди хонандагони ноҳияи Восеъ 42 ҳазорро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бахши тандурустии минтақаи Кӯлоб омодааст дар сурати истеҳсоли ҷиҳози тиббии хушсифат барои 10166 нафар корманди соҳа дар яке аз корхонаҳои дӯзандагии минтақа фармоиш диҳад.Дар интиҳои ҷаласаи корӣ муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони сарпарасти соҳаҳои воқеии иқтисод ва соҳибкорони минтақа дастур дод, ки ҷиҳати афзун намудани иқтидорҳои коркард ва самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда дар доираи ҳамкориҳои бахши хусусиву давлатӣ аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода баранд.Дар назар аст муовини сарвазири мамлакат шиносоӣ бо вазъи истеҳсолот ва вохӯриҳои кориро дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ВМБК ва ноҳияҳои тобеи марказ гузаронад.