Шиносоии Президент бо корҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара
Душанбе, 24.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз хоҷагии деҳқонии Муҳсинҷон, ки яке аз хоҷагиҳои намунавии кишоварзии ноҳия ба шумор меравад, дидан карда, бо таҷрибаи ибратбахши аҳли заҳмати он бевосита шинос шуд.
Чунонки роҳбари он Валиҷон Раҳимов иттилоъ дод, хоҷагӣ дорои 230 га замин, аз ҷумла 196 га замини обӣ буда, аъзояш дар пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва ҳам парвариши сабзавоту полезӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд. Ба парвариши сабзавоту полезии барвақтии онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, зеро ин кор дар ноҳияи Данғара таҷрибаи нисбатан нав аст. Бо вуҷуди ин, деҳқонони хоҷагии Муҳсинҷон азм доранд, ки натанҳо дар таъмини фаровонии ноҳия, балки маркази ҷумҳурӣ низ саҳмгузор бошанд. Онҳо дар 1,5 га картошка ва 5 га пиёзи барвақтӣ ва дар 11 га полезӣ ё худ тарбузу харбузаро аввал дар зери пленка кишт кардаанд, то ки ҳарчи зудтар ҳосили онро ба даст оранд.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар 80 га пахта ва 80 гектари дигар ғалладона кишт кардаанд ва тасмим доранд, ки пас аз дарави ғаллаи обӣ, ки ҳосили интизорияш ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ аз ҳар гектарро ташкил хоҳад дод, дар ҳамаи ин заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монанд, то ки ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода шавад. Дар 50 га ғаллаи навъи элита кишт шудааст, ки нашъунамои хуб дорад.
Онҳо ҳамчунин бо олимони Академияи кишоварзии Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ монда, аз ҷумла 10 намуд гандум, 4 навъи пиёз ва 17 намуди картошкаро ба таври таҷрибавӣ кишт намудаанд, то муайян намоянд, ки кадом навъҳо ба ин мавзеъ бештар мутобиқанд.
Дар намоишгоҳи саҳроии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки кишоварзони вилояти Хатлон афзун гардидани талабот ба сабзавоти барвақтиро дар дохил ва хориҷи кишвар ба назар гирифта, майдони кишти чунин сабзавот ва шумораи гармхонаҳоро ба маротиб зиёд намудаанд. Танҳо майдони пиёзи барвақтиӣ дар соли равон нисбат ба соли 2014 1700 га зиёд карда шудааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






