Созандагиву бунёдкорӣ дар Кўлоб

Апрель 11, 2015 09:14

Кўлоб,11.04.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-То имрўз дар шаҳри Кўлоб зиёда аз даҳ иншооти соҳибкорӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар шафати шоҳроҳи даромадгоҳи шаҳр Маркази хизматрасонии «Тоҳир» қомат афрохт, ки минбаъд ҳамаи намуди нақлиёти шахсиву мусофиркаш ва мошинҳои калонҳаҷми боркаш метавонанд аз ин марказ истифода баранд. Кормандони ин марказ омўзишро дар шаҳри Хуҷанд  оид ба муоинаи нақлиёт, васли чархахо, тавозундарор ва дигар намудҳои хизматрасонии нақлиёт гирифтанд. Дар шафати ин марказ боз қаҳвахона, нуқтаи хӯроки сарироҳӣ ва мағозаи хўрокворӣ таъсис дода шудааст. Дар марказ зиёда аз 30 нафар  бо ҷои кор таъмин гардид. Соҳибмулк Абдулло Самиев мақсад дорад, ки як гурўҳ ҷавононро  барои омўзиш ба давлати Олмон оид ба таъмири мошинҳои хориҷӣ фиристад. Маркази мазкур ба таври шабонарўзӣ фаъолият менамояд.

Апрель 11, 2015 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд