Суғд: «Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз нигоҳи бачагон»

Апрель 10, 2015 14:24

Душанбе,10.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд  9- уми  апрели соли ҷорӣ  дар Раёсати маорифи вилоят таҳти унвони «Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз нигоҳи бачагон» даври вилоятии озмуни расми беҳтарини хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба ҷашни  70-солагии Ғалаба  ҷамъбаст гардид.
Доварон аз  байни 68  мусаввараи пешниҳоднамудаи  хонандагони 13 шаҳру ноҳияи вилоят  эҷодиёти  хонандагони мактабҳои миёнаи №28-и шаҳри Хуҷанд, № 59-и шаҳри Истаравшан, №8-и ноҳияи Айнӣ, гимназияи №4-и шаҳри Истаравшан ва Маркази таҳсилоти иловагии №1-и шаҳри Исфараро  аз шумори беҳтаринҳо донистанд.
Инчунин  кори хонандагони мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Спитамен, гимназияи «Нур»-и ноҳияи Б.Ғафуров, гимназияи № 1-и шаҳри Чкалов, Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ғончӣ, мактаби миёнаи № 25-и шаҳри Конибодом  ва литсейи № 2-и ноҳияи Ашт ба баҳои баланди ҳайати доварон сазовор гардиданд.
Беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи  Раёсати маорифи вилоят ва Шӯрои вилоятии собиқадорони ҷангу меҳнат сарфароз гардонида мешаванд.

Апрель 10, 2015 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд