Таҳлили оқибати пайвастани Тоҷикистон ба ИАО

Апрель 16, 2015 11:10

Душанбе,16.04.2015 (АМИТ «Ховар» ).-  18 апрел дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи  Клуби  мубоҳисаи донишҷӯёни  донишкадаҳои  олӣ  дар  мавзӯи «Таҳлили оқибати пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Итиҳоди иқтисодии Авруосиё» баргузор  мегардад.
Ин чорабинӣ  бо ибтикори  намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В. Ломоносов  дар шаҳри Душанбе ва  Бунёди  рушди  «Институти таҳқиқи Авруосиё» дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Дар кори ҷаласа донишҷӯён,  намояндагони Донишгоҳи давлатии  Маскав, Донишгоҳи славянии Русия  ва  Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба  номи Абуалӣ ибни Сино,  Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ,  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба  номи М.С. Осимӣ, Донишкадаи давлатии  забонҳои  Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода иштирок менамоянд.
Мақсад аз роҳандозии мулоқот на фақат ҷалби таваҷҷӯҳи  донишҷӯён ба масоили  дохилии сиёсӣ ва  байналмилалӣ, балки ташаккули диди сиёсии  насли ҷавон, мутаҳид сохтани ҷунбиши ҷавонон  бо  усули  барқарор намудани равобити байни донишкадаҳои  олии Тоҷикистон  ва  кишварҳои ИДМ мебошад, ки ин,  дар  навбати худ, ба тарҳрезии  стратегияи умумӣ  ва ҳамгироии минбаъдаи байни кишварҳо мусоидат менамояд.

Апрель 16, 2015 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид